НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар 17 намоишгоҳи дохилию байналмилалӣ муаррифӣ гардид

Июль 14, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нимсолаи аввали соли 2026 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баргузор ва ташкили 17 намоишгоҳи дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда, иштироки соҳибкорон ва аъзои палатаро дар онҳо таъмин кардааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода хабар дод.

Дар давраи ҳисоботӣ палата иштироки соҳибкорони тоҷикро дар 12 намоишгоҳи байналмилалии хориҷӣ таъмин намуда, барои муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам овардааст. Фарҳодшоҳ Раҳмонализода иброз дошт, ки дар се намоишгоҳи байналмилалӣ гӯшаҳои махсуси Тоҷикистон ташкил гардида, маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Илова бар ин, намояндагони ширкатҳои тоҷикӣ дар 9 намоишгоҳи хориҷӣ фаъолона иштирок карданд, ки ин ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва пайдо намудани бозорҳои нави содиротӣ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи намоишгоҳҳои баргузоршуда, ширкатҳои ватанӣ бо шарикони нав 355 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла 90 шартномаи ҳамкорӣ ва 113 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар,  40 шартномаи ҳамкорӣ ва 103 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба харид ва фурӯши маҳсулотро ба имзо расониданд.

Дар умум дар ин давра барои иштироки беш аз 933 нафар соҳибкорони малакат – аъзои палата дар намоишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, шинос гардидан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар давлатҳо имконият фароҳам оварда шуд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст