НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи бузи пармашох ё морхӯр дар Тоҷикистон то ба зиёда аз 7 ҳазор сар мерасад
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии саршумори бузи пармашох ё морхӯр гузаронида шуд. Шумораи морхӯр дар Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш ёфта, имрӯз то ба зиёда аз 7 ҳазор сар мерасад. Дар ин хусус муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки баҳисобгирии саршумори бузи пармашох моҳҳои феврал–марти соли равон дар ноҳияҳои Данғара, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангал гузаронида шуд.
Баҳисобгирӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ки ҳаракати ҳайвонот ва рафтори онҳо дар муҳити табиӣ бидуни дахолати инсон ба таври дақиқ мушоҳида менамояд, омӯхта шуда, тибқи маълумоти пешакӣ, саршумори ин намуди ҳайвони нодир муътадил буда, дар ҳолати афзоиш қарор дорад.
Дар Тоҷикистон морхӯр ҷойгоҳи хос дошта, унсури муҳими эконизомҳои кӯҳӣ ва ҳифзи гуногунии биологии манотиқи баландкӯҳ ба ҳисоб меравад.Мавзеъҳои паҳншавии он асосан байни кӯҳистони дарёҳои Панҷу Вахш, инчунин дар қисмати шимолу ғарбии Дарвоз воқеъ мебошад.
2 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи A/RES/78/278-ро қабул намуд, ки мувофиқи он 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид. Ин сана аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст.
Инчунин аз 15 апрел то 10 майи соли равон баҳисобгирии саршумори гӯсфанди кӯҳии бухороӣ — уриал дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Роғун, Данғара, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Балҷувон, Файзобод ва Рӯдакӣ гузаронида шуд.
Таъкид гардид, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади беҳтар намудани низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти нодири ҷумҳурӣ дар мавсими зимистони соли 2026 ва баҳори соли 2027 барои корҳои биотехникӣ 13 ҳазору 840 тонна маводи ғизо, аз ҷумла алафи табиӣ, ғалладонагиҳо ва намак дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноти табиати ёбоӣ ҷойгир карда шуд.
Инчунин бо дастгирии шарикони рушд таҷҳизоти муосир ва зарурӣ дастрас гардид, ки ин иқдом имкон фароҳам овард, ки сатҳи иҷрои корҳои соҳавӣ, аз ҷумла мониторинг, таҳқиқот ва ҳифзи муҳити зист беҳтар гардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






