НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 519 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Маълумот дода шуд, ки аз ин шумора 123 ҳодисаро сел, 508 ҳолатро фаромадани тарма, 27 ҳолатро сангрезӣ, 26 ҳолатро заминларза, 27 ҳолатро шамоли сахт, 10 ҳолатро ярч, 11 ҳолатро бориши шадиди борон, 4 ҳолатро болоравии сатҳи об, 4 ҳолатро бориши зиёди барф ва 1 ҳолатро раъду барқ ташкил додааст.
Иброз гардид, ки аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2025 6 нафар зиёд мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 686 баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода, 47 шаҳрвандро наҷот доданд. Ҳамзамон зимни корҳои наҷотдиҳӣ 60 нафар аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






