НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июли соли 2026 дар мамлакат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 31 ҳазору 377 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Иҷрои нақшаи пешбинишуда 106,3 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Низом Мирзозода афзуд, ки илова бар ин, дар 1 ҳазору 412 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Бо ба истифода додани онҳо шумораи иншоот дар мамлакат ба 32 ҳазору 789 адад мерасад, ки он 111 фоизро ташкил медиҳад.
«Кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани биною иншооти ҷашнӣ, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоот, инчунин дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон чораҷӯӣ намуда истодааст», -изҳор шуд дар нишаст.
Гуфта шуд, ки кумита бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда ва ба заминҷунбӣ тобовар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосир таъсис додааст. Ин иқдом дар асосои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






