ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад

Июль 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 июл дар мамлакат баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 33 то 46 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 15 то 18 июл дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ аз 33 то 38 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз 39 то 41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Инчунин бо сабаби баландшавии ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд  ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ  пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.

Табибон дар чунин рӯзҳо ба сокинони мамлакат тавсия медиҳанд, ки бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда пӯшанд. Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад.

Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд барои саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз ин рӯ аз таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд