ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст

Июль 26, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар ҷумҳурӣ 513 сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 51 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус 21 июл зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Рамазон Раҳимзода маълумот дод, ки дар натиҷаи сӯхторҳо 16 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 12 миллион сомониро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки сӯхтор яке аз хатарноктарин ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҷону моли инсон зарари ҷиддӣ расонад. Тавре мутахассисон иброз медоранд, аксар ҳодисаҳои сӯхтор маҳз аз бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои одӣ ба амал меоянд.

Қоидаҳои рафтор ҳангоми сӯхтор, аз ҷумла:

– Дар баробари ҳис кардани бӯйи сӯхта дар хона, пеш аз ҳама, ашёи заруриро ба ҷойи бехавф кӯчонед ва фавран ба хадамоти оташхомӯшкунӣ хабар диҳед;

– зарур аст, ки аввал кӯдакон ва пирсолонро аз хона ба кӯча бароред;

– агар алангаи оташ пасттар бошад, бо истифода аз оби ошхона ба хомӯш кардани он шуруъ кунед;

– оташро метавон бо ёрии латтаҳои таркардашуда низ хомӯш кард. Аммо дар ин ҳолат бодиққат бошед, ки қувваи барқ ба шумо осеб нарасонад;

– обро бар зидди дуд истифода накунед ва ё талош накунед, ки қисмати болоии оташро хомӯш кунеду ба қисмати асосии он кор нагиред;

– агар ашёе дар хона доред, ки гумон мекунед зуд дармегирад, талош накунед ба он об занед, балки интизор шавед оташхомӯшкунон расанд ва агар онҳо набошанд, пас болои онҳоро бо латтаи ғафси таркардашуда печонед;

– дар вақти сӯхтор дару тирезаҳоро боз накунед, ин алангаи оташро бештар мекунад;

– агар сӯхтор ҳоло алангаашро ба дигар ҷойҳои хона паҳн накардаасту бовар доред, ки худ аз уҳдаи хомӯш кардани он мебароед, пас ҷиддӣ бошеду зуд амал кунед;

– ҳангоме ки дар хонаи шумо сӯхтор ба амал меояд, ҳамсояҳоро огоҳ кунед, то омодаи ҳифозати хонаҳои худ бошанд.

­– агар сӯхтор шадид аст ва шумо аз хона наметавонед берун шавед, пас коре карда, ба айвонча бароед ва аз он ҷо ба кумак даъват намоед;

– вақте кормандони сӯхторхомӯшкунӣ меоянд, вазъро тавре ҳаст, айнан барояшон гӯед.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки вақте ки сӯхтор рух медиҳад, муҳим аст ором бошед ва воҳима накунед. Вақте ки шумо ором ҳастед, метавонед дар ҳолати сӯхтор кореро анҷом диҳед, ки ба манфиат аст.

Ба диққати шаҳрвандон мерасонем, ки ҳангоми ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор фавран бо телефонҳои шаҳрии 01 ва телефонҳои мобилии 101 ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар диҳанд. Ҳамчунин барои наҷот додани молу амвол ва ҷони худ аз вартаи оташ ҳамеша дар ҳолати омодабош ва назорати қатъии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қарор дошта бошанд, чунки оташ вақти сар задани худро хабар намедиҳад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд