Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат давоми нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳазору 698 санҷиш гузаронида, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 235 ҳазору 586 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуд. Инчунин 38 ҳазору 627 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ гардида, 47 ҳазору 602 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 2 ҳазору 842 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Чунин иброз намуд дар нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ.
Гуфта шуд, ки бо дахолати прокуророн 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ, аз ҷумла 365 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардида, 107 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 1 ҳазору 430 сар чорво ба тариқи асл барқарор карда шуд.
Инчунин назорати 7 ҳазору 774 парвандаи ҷиноятӣ таъмин гардида, аз ин шумора 7 ҳазору 254 парванда барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Муфаттишони прокуратура тафтиши 2 ҳазору 471 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расониданд. Зимни тафтиши пешакӣ 53,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла 27,5 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.
Прокуророн дар ин давра дар баррасии 5 ҳазору 567 парвандаи ҷиноятӣ ва 6 ҳазору 558 парвандаи маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба 507 санади ғайриқонунии судҳо эътироз овардаанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ беш аз 14 ҳазор суҳбату вохӯрӣ баргузор гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма зиёда аз 2 ҳазору 300 баромад, аз ҷумла 932 барномаи телевизионӣ, 713 барномаи радиоӣ ва 688 маводи матбуотӣ пахш ва нашр карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






