Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»

Июль 16, 2026 15:49

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 шумораи умумии ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ 83 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8 нафар кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандон беэҳтиётӣ, беназоратии волидайн ва хусусан риоя накардани қоидаҳои оббозӣ мебошад»,–баён дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Гуфта шуд, ки бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз шумораи умумӣ 9 нафар кӯдакони то 4-сола, 11 нафар аз 5 то 10-сола, 13 нафар аз 11 то 16-сола, 23 нафар аз 17 то 35-сола ва 27 нафар шахсони аз 36-сола боло мебошанд.

Иброз гардид, ки барои коҳиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ҳолатҳои фавт бар асари ғарқшавӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории кумита пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд. Новобаста аз ин, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳолатҳои ғарқшавӣ ба назар мерасанд.

«Дар доираи ин чорабиниҳо барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баргузор гардида, варақаҳои иттилоотӣ чоп ва дар байни аҳолӣ паҳн карда мешаванд. Ҳамчунин наворҳои пешгирикунанда намоиш дода шуда, дар сомонаи расмии кумита маълумот оид ба чорабиниҳои амалишуда ва нишондиҳандаҳои оморӣ мунтазам нашр мегарданд», — афзуд Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Бо фаро расидани фасли тобистон талабот ба шиноварӣ зиёд мегардад. Маъмулан дар ин давра соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин фасл аксарияти шаҳрвандон макони истироҳатӣ меҷӯянд, то аз гармии шадид дур бошанд ва ҳам оббозӣ кунанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, бояд қоидаҳои оббозиро донистан зарур аст. Махсусан падару модарон бояд фарзандонро беназорат нагузоранд, зеро қариб ҳар тобистон дар натиҷаи риоя накардани қоидаи оббозӣ чандин наврасон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пеш аз оғози мавсими шиноварӣ пайваста ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат карда, ҳушдор медиҳанд, ки «дар бораи амнияту бехатарии худ биандешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед! Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон ҳалок шудан эҳтимол дорад. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред».

Дар шароити иқлими минтақаи мо, ки ҳар сол дар мавсими гармо сатҳи хатари чунин ҳодисаҳо боло меравад, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ аз ҷониби ҳама субъектҳои масъул – аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад. Зеро донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2026 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид