Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 287 нафар ба ҳалокат расид ва 508 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои вазир, дар давраи ҳисоботӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои фавт дар натиҷаи садамаҳо зиёд гардидааст, ки ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Рамазон Раҳимзода яке аз сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётиро ба риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби баъзе ронандагон рабт дод. Ҳамчунин гуфт, ки сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги иштирок дар ҳаракат низ ба зиёд шудани чунин ҳодисаҳо таъсир мерасонад.
«Мо пайваста таъкид мекунем, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт эҳтироми ҳамдигар ва риояи қоидаҳои ҳаракат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Аммо, мутаассифона, дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоти зиёд вуҷуд доранд», — гуфт вазир.
Вазир иброз дошт, ки «яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар шаҳри Душанбе таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар қаторҳои дуюм ва сеюм мебошад, ки боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт мегардад. Барои бартараф намудани ин мушкилот тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Мо мехоҳем ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Тибқи он ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм ва монеа эҷод намудан ба ҳаракати нақлиёт пурзӯр гардида, ҷазо барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо вазнинтар карда шавад».
Бояд гуфт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъалаи таъмини бехатарии роҳҳо ва коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст.
Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки дар ҳолати пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифт.
Бояд гуфт, ки афзоиши шумораи мошинҳо дар мамлакат ба танбашавӣ ва садаманокӣ низ оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин масъала мутобиқ гардонидани роҳҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки дар роҳҳое, ки бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудаанд, шумораи садамаҳо 30–50 дарсад камтар аст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






