ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июл, якшанбе, 186-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 5, 2026 08:00

5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода доданд. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.

***

13 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд.

***

5 июли соли 2013 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Бохтар-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди истифода қарор гирифт. Роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантии Ҳукумати Ҷопон анҷом дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 10 созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

***

5 июли соли 2022 дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

5 июли соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

5 ИЮЛ:

Дар Венесуэла – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

5 июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди истифода қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои маъмурии Неругоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд.

***

5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкори Шанхай (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе Аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1841 Томас Кук нахустин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушод.

***

Соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шуд.

***

Соли 1924 дар Париж маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардид.

***

Соли 1954 нахустин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шуд.

***

Соли 1994 дар Чин истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

 

Июль 5, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш