ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, душанбе, 187-умин рӯзи соли 2026 аст
6 июли соли 2004 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.
***
17 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмуи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду мамлакат дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
***
6 июли соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии «Маркази байналмилалии молиявии Остона» иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
6 июли соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи V байналмилалии савдои «Суғд-2018» ба кор оғоз кард, ки дар он беш аз 320 нафар соҳибкору тоҷир ва намояндагони қариб 200 ширкати дохилию хориҷӣ, чун Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
***
6 июли соли 2021 Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи байналмилалии асъор нишасти асосии Гурӯҳи Электорат баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
***
6 июли соли 2023 дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ — табобатии «Садаф»-ро мавриди истифода қарор доданд.
6 ИЮЛ:
Рӯзи ҷаҳонии кардиологҳо.
***
Рӯзи ҷаҳонии рушди деҳот.
***
Рӯзи ҷаҳонии бӯса.
***
Дар Лесото – Рӯзи оила.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.
РӮЙДОДҲО:
6 июли соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.
***
6 июли соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1863 дар Фаронса калонтарин бонк бо номи «Credit Lyonnais» ба истифода дода шуд.
***
Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ба роҳ монд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июл, якшанбе, 186-умин рӯзи соли 2026 аст






