Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад

Июль 9, 2026 16:38

ДУШАНБЕ, 09.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати сулҳпарвар ва ҷонибдори дипломатияи бисёрҷониба дар ташаккули механизмҳои байналмилалии таҳкими сулҳ саҳми арзишманд мегузорад. Ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ–«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бори дигар собит месозад ки мамлакат мо пайваста барои таҳкими сулҳу озодӣ талош менамояд. Дар ин замина омӯзиши асосҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ин ташаббус аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ дорад.

— Таърихи давлатдорӣ ва тамаддуни тоҷикон аз бостон бо арзишҳои сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз нахустин санадҳои таърихие, ки ин арзишҳоро таҷассум менамояд, Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Дар ин санади нодири таърихӣ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, озодии виҷдон, таҳаммулпазирии динӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо ҳамчун пояҳои идораи давлат инъикос ёфтаанд. Минбаъд ин анъана дар афкори сиёсию ахлоқии мутафаккирони тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Низомулмулк, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва даҳҳо бузургони илму фарҳанги тоҷикон идома ёфта, сулҳ, адолат, ваҳдат ва ҳамоҳангии ҷомеаро шарти асосии рушди давлат ва саодати инсон арзёбӣ намудааст.

Ибтикороти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, аз ҷумла пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» падидаи тасодуфӣ набуда, бар пояи мероси ҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги сулҳофарини миллати тоҷик шакл гирифтаанд. Ин ташаббус идомаи мантиқии анъанаҳои инсонпарваронаи гузаштагони тоҷик буда, саҳми таърихии онҳоро дар ташаккули ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо инъикос менамояд. Тоҷикистон имрӯз низ бо такя ба таҷрибаи таърихии худ, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ нақши фаъол ва созанда дорад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо такя ба таҷрибаи чандҳазорсолаи давлатдории гузаштагони худ, ба тақкими сулҳу субот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Яке аз далелҳои равшани ин сиёсати давлат қабули Конститусия 6 ноябри соли 1994 мебошад, ки дар он сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Ин муқаррароти конститутсионӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, уҳдадории Тоҷикистонро нисбат ба ҳифзи сулҳ, субот ва эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба таври возеҳ инъикос мекунанд.

Моддаи 11-и Конститутсия муқаррар мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳоро эҳтиром мекунад ва ҳамзамон ташвиқоти ҷангро манъ месозад. Мазмуни ин меъёр аз мавқеи устувори давлат дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими амнияти байналмилалӣ ва рушди ҳамкории осоишта шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, маҳз ҳамин муқаррароти конститутсионӣ заминаи ҳуқуқии татбиқи ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро фароҳам овард. Ҳадафҳои он барои фароҳам овардани муҳити амн ва устувор барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамоҳанг мебошад. Ин принсип дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста таъкид мегардад.

Таҳлили меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқии миллӣ барои татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таъмини рушди устувор заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон ба таври равшан собит менамояд, ки сулҳ барои халқи тоҷик на танҳо арзиши сиёсӣ, балки омили калидии ҳифзи давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ 1992-1997 ба мамлакат хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид намуда, даҳҳо ҳазор нафарро қурбон ва садҳо ҳазор шаҳрвандро маҷбур ба тарки Ватан сохт. Дар чунин шароити ниҳоят мураккаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали зимоми роҳбариро ба зимма гирифтан сулҳу оштии миллиро ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ қарор доданд. Муроҷиатҳои пайваста ба мардум, иқдомҳои сиёсӣ, музокироти тӯлонӣ бо неруҳои мухолиф ва талошҳои пайгирона барои баргардонидани гурезаҳо ва барқарор намудани Ваҳдати миллӣ замина фароҳам овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди осоишта ворид гардад.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо талошҳои сиёсӣ ва дипломатии роҳбарияти давлат ба даст омад. Он асоси ташаккули низоми нави сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон гардид ва заминаи устувори рушди минбаъдаи давлатдориро фароҳам овард. Ин таҷриба имрӯз дар муҳити илмӣ ва дипломатии байналмилалӣ ҳамчун «модели сулҳи тоҷикӣ» арзёбӣ мешавад.

Маҳз ҳамин таҷрибаи нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи он тоҷикон тавонистанд аз низои дохилӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ расанд, имрӯз ба яке аз пояҳои маънавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дарки амиқи арзиши сулҳ, ки аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ сарчашма мегирад, боис гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои сулҳофарӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ шинохта шавад. Аз ин рӯ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон мебошад. Ин иқдом таҷассумгари сиёсати давлатест, ки арзиши сулҳро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун омили асосии рушди устувор ва таъмини амнияти наслҳои имрӯз ва оянда арзёбӣ менамояд.

Дар ҷаҳони муосир масъалаи таъмини сулҳу субот ва таҳкими амнияти байналмилалӣ ба яке аз самтҳои марказии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, афзоиши низоъҳои минтақавӣ, густариши терроризм ва ифротгароӣ, инчунин паёмадҳои буҳронҳои иқтисодию экологӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар ҷустуҷӯи роҳкорҳои нави ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои ҳифзи сулҳ бошанд. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ҳамчун иқдоми муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мегардад.

Аҳамияти ин ибтикори байналмилалӣ қабл аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он аз дастгирии васеи ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор гардид. Лоиҳаи қатъномаро 153 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ намуда, 107 давлат ҳамчун ҳаммуаллифи он баромад карданд. Чунин ҷонибдории густурда бозгӯи афзоиши нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои глобалӣ тавассути муколама мебошад. Ин дастовард натиҷаи сиёсати пайгирона ва фаъолияти дипломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии пазируфта шудани ибтикорҳои байналмилалӣ мутобиқати онҳо ба манфиатҳои умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ташаббусҳои қабулгардидаи Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки онҳо барои беҳбудии сатҳи зидагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои он равона гардидаанд.

Ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар шароите пешниҳод гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарвақта дида бештар ба таҳкими сулҳу субот ва густариши муколамаи созанда ниёз дорад. Қабули қатънома бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон бозгӯи он аст, ки инсоният бояд мушкилоти байналмилалиро тавассути муколама, гуфтушунид ва ҳамкории созанда ҳал намояд, на бо истифода аз қувваи ҳарбӣ ва мусаллаҳшавӣ.

Аҳамияти дигари ин ташаббус дар он зоҳир мегардад, ки он танҳо як эълони рамзӣ набуда, балки барои ташаккули муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сулҳ дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Агар дар санадҳои классикии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ сулҳ бештар ҳамчун ҳолати набудани ҷанг ва воситаи таъмини амният баррасӣ шавад, дар ин қатънома он ҳамчун як фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ва мехнизми устувори рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин тағйироти консептуалӣ аҳамияти назариявӣ ва амалии муҳим дошта, нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳилаи нави дарки сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ ворид мегардад.

Дар ин замина, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба як сиёсати фаъол ва созанда табдил ёфт, ки ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ нигаронида шудааст. Махсусан, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла эълони солҳои байналмилалии марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо, нишон доданд, ки Тоҷикистон метавонад масъалаҳои муҳими ҷаҳониро ба сатҳи муҳокимаи байналмилалӣ барорад.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, ин қатънома дар доираи меъёрҳои мавҷудаи низоми Созмони Милали Муттаҳид ҷой гирифта, ба принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя мекунад. Мувофиқи он нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ҳамчун ҳадафи аввалиндараҷа муайян шудааст. Ҳарчанд қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид хусусияти ҳатмии ҳуқуқӣ надоранд, онҳо дар ташаккули меъёрҳои «ҳуқуқи нарм» (soft law) ва рушди минбаъдаи ҳуқуқи байналмилалӣ нақши муҳими роҳнамо мебозанд. Дар ин замина, ин ташаббуси метавонад ҳамчун асоси ташаккули меъёрҳои нави байналмилалӣ дар соҳаи дипломатияи пешгирикунандаи низоъҳо ва фарҳанги сулҳ арзёбӣ гардад.

Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, ки аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ оғоз мегирад, имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Тоҷикистон тавонист бо иродаи сиёсӣ ва раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як ҷанги харобиовар ба сулҳу ваҳдати миллии устувор расад. Ин таҷриба имрӯз ҳамчун модели омӯзишӣ барои бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Аз нуқтаи назари стратегӣ, ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» як қадами муҳим дар самти таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ низ мебошад. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидшавӣ, муколама ва ҳамкории созанда даъват мекунад, то ки заминаҳои боэътимоди пешгирии низоъҳо ва таъмини рушди устувор фароҳам оварда шаванд.

Бояд гуфт, ки ояндаи сулҳ ва суботи ҷаҳон аз сатҳи маърифат, шуур ва ҷаҳонбинии насли нав вобастагии мустақим дорад. Нақши ҷавонон дар ин раванд аҳамияти махсус дорад, зеро онҳо насли ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва тарбияи онҳо дар руҳияи сулҳ, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ омили калидии пешгирии низоъҳои оянда ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ, ки ҳамзамон бо имкониятҳо нави хатарҳои идеологӣ паҳншавии иттилооти бардурӯғ, ифротгароӣ ва таҳдидҳои кибериро низ ба миён меоранд, зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ дар муҳити ҷавонон боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, рушди маърифати сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ байни ҷавонон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ бошад.

Мазмуни асосии ин ташаббус ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо, пешгирии низоъҳо ва баланд бардоштани нақши ҷавонон дар раванди сулҳсозӣ нигаронида шудааст. Ин ҷанбаҳо бо ҳадафи 16-уми Рӯзномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, ки ба сулҳ, адолат ва ниҳодҳои муассир бахшида шудааст, робитаи мустақим доранд. Аз ин рӯ, қатънома на танҳо як санади сиёсӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва пешбурди рушди устувор арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмуъ, ин қатънома нишон медиҳад, ки сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ бояд дар маркази сиёсати давлатҳо қарор гирад. Танҳо тавассути ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ метавон ба таъмини амнияти устувор ва рушди наслҳои оянда ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ин ташаббус бори дигар мавқеи худро ҳамчун ҷумҳурии сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ собит намуда, мақоми худро ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид.

Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо афзоиши низоъҳо, рақобатҳои геосиёсӣ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббус метавонад ҳамчун заминаи муҳими ташаккули муносибатҳои нави байналмилалӣ дар асоси эътимоди мутақобила, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва масъулияти муштарак хизмат намояд. Аз ин рӯ, пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки арзиши баланди ҳуқуқӣ, инсонмеҳварӣ ва тамаддунсоз дошта, ба таҳкими сулҳи пойдор ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Хулоса сулҳ ҳамчун арзиши бунёдии тамаддуни башарӣ ва шарти асосии рушди давлатҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини зиндагии шоиста барои аҳолӣ аҳамияти калидӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва таҳкими сулҳро наметавон танҳо вазифаи як давлат ё минтақа арзёбӣ намуд, балки он масъулияти умумии тамоми ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон бо ин пешниҳод бори дигар содиқ будани сиёсати хориҷии худро ба арзишҳои умумибашарӣ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ собит намуд. Ин ибтикори созанда метавонад барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги сулҳ ва таъмини амнияти устувори ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам биёрад.

Бахтовар САФАРЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус,
Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ
ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Натиҷаҳои Конфронси чоруми оби Душанбе дар ҷаласаи ЭСКАТО муаррифӣ гардиданд
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид