Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд

Июль 3, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ва 2 июл дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Конфронси вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба тақвияти санитарӣ ва амнияти эпидемиологӣ дар чаҳорчӯби чораҳо оид ба муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба заминларза баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон баланд бардоштани устувории низомҳои тандурустӣ дар ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба заминларза яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати тандурустӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки устувории низоми тандурустӣ аз омодагӣ ба хатарҳо оғоз мешавад. Бинобар ин, такмил додани механизмҳои пешгӯии таҳдид ва арзёбии системаҳои муосири огоҳкунии барвақт, тақвияти чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва омӯзиши мунтазами аҳолӣ ва мутахассисон дар вокуниш ба заминларза зарур мебошад. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи махсус бояд ба гурӯҳҳои осебпазир- кӯдакон, занон, пиронсолон ва шахсони дорои маъюбӣ равона карда шавад.

Гуфта шуд, ки баланд бардоштани устувории системаҳои тандурустӣ ба заминларзаҳо ба равиши ҳамаҷониба ниёз дорад, ки рушди инфрасохтор, омӯзиши қувваи корӣ, рақамикунонӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ ва ҷалби фаъоли ҷомеаро дарбар мегирад. Танҳо тавассути талошҳои муштарак мо метавонем ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти мардумро дар муқобили офатҳои табиӣ таъмин кунем.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 3, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд