35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд

Август 27, 2026 14:14

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Аз ҷумла, 26 август бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ бо сардхона иттилоъ дода шуд, ки он барои нигоҳдории зиёда аз 3 ҳазор тонна маҳсулот иқтидор дорад. Ҳоло дар сардхона ҳудуди 1,5 ҳазор тонна маҳсулот нигоҳдорӣ шуда, шароити нигоҳдории маҳсулот хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои экологӣ арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корхонаи нави истеҳсоли шарбатҳои меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лимӯи Сурхоб» ба истифода дода шуд.

Корхона дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис ёфта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Афзалшоҳи Мирмаҳмад ҳамроҳ бо бародаронаш дар масоҳати 2000 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ то 40 тонна шарбати мева мебошад. Таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шуда, имконият фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосир истеҳсол карда шавад.

Сохтмони корхона соли 2025 оғоз гардида, имрӯз бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин лоиҳа 1,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои масъулин, дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона таъсиси 50 ҷойи нави кори доимӣ дар назар дошта шудааст. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолоти ватанӣ ба таъсиси ҷойи нави кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдонча бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд гардида, барои рушди варзиши оммавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон заминаи хуб фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар маҳаллаи Чилмеҳроби ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Содиқов Ғулом» ифтитоҳ гардид.

Гармхона дар 1 гектар бунёд карда шуда, сохтмони он моҳи апрели соли 2026 ба анҷом расидааст. Гармхона бо 40 таҷҳизоти ҳавокашӣ, 200 радиатори гармидиҳандаи обӣ ва зарфи 40-тоннагии об барои низоми обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз буда, таҷҳизоти он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудаанд. Дар фасли зимистон гармхона тавассути ангишти маҳаллӣ гарм карда мешавад.

Иброз гардид, ки дар партави сиёсати созандаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт барои рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Бунёд ва ба истифода додани чунин гармхонаҳо яке аз намунаҳои татбиқи ин иқдом буда, дар таъмини бозори пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва истифодаи оқилонаи имконияти мавҷуда саҳми муҳим мегузорад.

Дар гармхона асосан помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ парвариш гардида, дар масоҳати як гектар 21 ҳазор ниҳол шинонида шудааст. Кишти зироат ду маротиба дар як сол ба роҳ монда шуда, аз навъҳои помидори черри, аз ҷумла «Замира», «Харриёт» ва «Пинк Принс», инчунин навъҳои бодиринги «Смарт», «Прайм», «Отелло», «Орзу» ва дигар навъҳои маҳаллӣ истифода бурда мешавад. Дар мавсими аввали соли равон парвариши помидор натиҷаи хуб ба бор оварда, ҳаҷми ҳосил 1100 сентнерро ташкил дод, ки қисми он ба бозори дохилии шаҳри Душанбе пешниҳод гардид.

Инчунин дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ намудҳои гуногуни либос, аз ҷумла либоси ҳарбӣ, либосҳои миллӣ, либосҳои ҳаррӯза ва дигар маҳсулоти дӯзандагӣ омода гардида, барои харид ба аҳолӣ пешниҳод карда мешаванд. Амалӣ намудани чунин фаъолияти истеҳсолӣ на танҳо талаботи сокинонро ба либосҳои гуногун қонеъ менамояд, балки ба рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ низ мусоидат мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 27, 2026 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид