35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад

Август 4, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Сохтмони бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дорад. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва ҳашт ошёна иборат мебошад. Баъди ба истифода додани бинои нав имконияти хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон ба таври назаррас беҳтар хоҳад шуд.

Инчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оилаву кӯдак» идома доранд. Бино барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва нигоҳубини кӯдакон ба истифода дода мешавад. Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин сохтмони Маркази тиббии «Насл» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар марказ бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ хизмат расонида мешавад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Озмоишгоҳи марказ аз ҷумлаи муосиртарин озмоишгоҳҳои мамлакат хоҳад шуд.

Ҳамзамон барқарорсозии зиёратгоҳи Хоҷа Рӯшноӣ дар вилоят ба ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи пойдор ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ сол аз сол вусъат ёфта, саҳми соҳибкорону сокинон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа беш аз пеш меафзояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 4, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд