35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси осорхонаҳо ҳамчун марказҳои калидии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии ниёгон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, моддию сохторӣ фароҳам оварда шуданд. Бо ин мақсад соли 2013 Осорхонаи миллии Тоикистон таъсис дода шуд.
— Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон тамоми заминаҳои моддию техникӣ ва илмӣ барои пешбурди фаъолияти осорхонавӣ, аз ҷумла ҷамъоварию нигоҳдорӣ, таҳқиқи осори таърихию фарҳангӣ ва корҳои оммавию маърифатӣ дар сатҳи баланд фароҳам оварда шудаанд. Экспозитсияи муҳташами Осорхонаи миилӣ аз 22 толори намоишӣ иборат буда, дар заминаи чор шуъбаи экспозитсионӣ: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, инчунин санъати тасвирӣ ва амалӣ созмон ёфтааст. Ин тақсимоти сохторӣ имкон медиҳад, ки сайри таърихии миллати тоҷик аз давраҳои қадимтарин то замони муосир дар пайвастагии мантиқӣ ва илмӣ муаррифӣ гардад.
Ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинони мамлакат ва сайёҳони хориҷӣ ба тамошои ин боргоҳи маърифат меоянд. Сайри осорхонавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва чинӣ ба роҳ монда шудааст, ки он ба муаррифии шоистаи мероси гаронбаҳои ниёгон ва тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар радифи инъикоси марҳилаҳои гуногуни таъриху фарҳанги халқи тоҷик муаррифии дастовардҳои давлатдории навини тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти осорхона ҷойгоҳи меҳвариро касб намудааст. Дар экспозитсияи шуъбаи таърихи нав ва навтарин толори доимамалкунандаи махсуси экспозитсионӣ созмон дода шудааст, ки маҳз ба даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин толор рамзҳои давлатдорӣ, дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии кишвар, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, бо истифода аз ашёи осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Сайри ин толор аз бахшҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Артиши миллӣ ва раванди истиқрори Ваҳдати миллӣ оғоз меёбад. Дар ин гӯшаҳо арзишмандтарин нигораҳои таърихи муосири давлатдории тоҷикон маҳфузанд. Аз ҷумла, нигораҳои нодире, ба монанди «Парчами нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Қалами сулҳ» ва «Кӯзаи Ваҳдат» ба намоиш гузошта шудаанд, ки дорои аҳамияти тарбиявӣ, таърихӣ ва сиёсӣ мебошанд.
Нахустин Парчам, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, соли 2007 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид. Он ҳамчун ашёи нодири даврони навини таърихӣ мавриди ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.
Дар канори «Парчами нахустин» инчунин нигораҳои нодире, чун «Қалами сулҳ» ва «Кӯзаи Ваҳдат», ки рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ ва садоқату ҳамбастагии мардуми тоҷиканд, дар толори «Истиқлоли давлатӣ» ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Барои расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 11 декабри соли 1996 дар мавзеи Хостдеҳи Афғонистон мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти мухолифини тоҷик баргузор гардид. Қаламе, ки бо он дар ин музокироти тақдирсоз «Протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои Комиссияи оштии миллӣ»-ро ба имзо расониданд, имрӯз ҳамчун нигораи нодир дар гӯшаи «Ваҳдати миллӣ»-и Осорхонаи миллӣ маҳфуз аст.
Дигар нигораи нодири толор «Кӯзаи Ваҳдат» аст, ки он аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил шуда буд. Аъзои ин корвон иборат аз 240 нафар олимону адибони варзидаи тоҷик аз ағбаи Қулма ва ноҳияи Мурғоб оғоз намуда, то шаҳри Исфара гашта, ба мардум идеяҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуданд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ « Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Ин нигораи нодири таърихӣ ҳоло дар толори Истиқлоли давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи Эҳёи ваҳдат ба намоиш гузошта шудааст.
Дар экспозитсияи толори «Истиқлоли давлатӣ» дигар паҳлуҳои гуногуни рушди давлатдории навин, аз ҷумла муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, дастовардҳои соҳаҳои стратегии ҷумҳурӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт ба таври мукаммал инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон дар ин толор рушди бахшҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешаванд, тавассути аксу ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи осорхонавӣ муаррифӣ шудаанд.
Дар гӯшаи «Сиёсати хориҷӣ» аксҳо, харита ва дигар асноди муҳими осорхонавӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд, ки бозӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. «Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992–2022)» дар толор ҷойгоҳи хосса дошта, он фарогири маълумоти муфассал дар бораи таърихи сафарҳо, шаҳрҳо, давлатҳо ва ҳадафҳои стратегии сафарҳои хориҷии Пешвои миллат мебошад. Дар қисмати поёнии харита ҷадвали мукаммале ҷой дода шудааст, ки дар он солҳо, маконҳо ва ҳадафҳои ҳар сафари расмии Роҳбари давлат ба таври возеҳ нишон дода шудаанд.
Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманди дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон барқарор кард, балки бо пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ ва равиши хоси дипломатияи худ, ки бар манофеи миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун давлати фаъолу таъсиргузор дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Дар гӯшаи «Ҳадафҳои стратегӣ» нахуст шиносоӣ бо бахши расидан ба «Истиқлолияти энергетикӣ» оғоз меёбад. Дар ин гӯша аксҳо аз ҷараёни ифтитоҳи бузургтарин неругоҳҳои замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ- неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба намоиш гузошта шудаанд. Дар экспозитсияи мазкур Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавқеи асосиро ишғол менамояд. 16 ноябри соли 2018 чархаи якум ва 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода дода шуд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Барои инъикоси ин рӯйдоди даврони соҳибистиқлолӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи экспозитсионӣ ташкил шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани ду чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо гузоштани сикка муайян карда шуд ва кори нахустин агрегатҳои неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид. Сиккаҳо бо дастури Президенти мамлакат ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардиданд.
Ин сиккаҳо100 сомонӣ буда, аз нуқраи иёраш 925 зарб зада шудаанд. Вазни сиккаҳо 31,1гр, қутрашон 38,61мм мебошанд. Дар маркази рӯи сиккаҳо нишони давлатии Тоҷикистон ва зери нишон навиштаҷоти «100 сомонӣ» ва дар атрофи марказ навиштори «Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Republic of Tajikistan» инъикос ёфтааст. Дар маркази пушти сиккаҳо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тасвир шуда, дар атрофи ин тасвир навиштаҷоти «Оғози кори НБО-и Роғун», «Launch of Rogun HPP» ва санаи «16.11.2018» инъикос ёфтааст. Ин сиккаҳо дар Осорхонаи миллӣ асрҳо ҳамчун нигораҳои нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳифз ва муаррифӣ гардида, доир ба иншооти бузурги аср ва қаҳрамонии мардуми сарбаланди тоҷик қисса мекунанд.
Дар толори «Истиқлоли давлатӣ» -и Осорхонаи миллӣ гӯшаи алоҳидаи экспозитсионӣ ташкил шудааст, ки дастовардҳои назарраси соҳаи фарҳанги мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба намоиш мегузорад. Дар ин бахш мавод ва асноди марбут ба талили чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти фарзандони барӯманди миллат ва сохтмони иншооти муосири фарҳангӣ ҷой дода шудаанд. Инчунин раванди барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳову анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ ва рушди робитаҳои ҳунарии кишвар тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва нигораҳои арзишманд ба таври мукаммал инъикос ёфтаанд.
Дар ин гӯша сертификатҳои аслии ЮНЕСКО оид ба ворид гардидани ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ин иқдом ба тамошобинон имкон медиҳад, ки бо эътирофи ҷаҳонии фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати Пешвои миллат якчанд ёдгории таърихӣ ва унсурҳои нодири фарҳанги тоҷик ба феҳристҳои ЮНЕСКО ворид гардида, мақоми байналмилалӣ касб намуданд. Аз ҷумла, ёдгории бостонии Саразм (соли 2010) ва Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013) ба Феҳристи мероси фарҳангию табиии умумиҷаҳонӣ дохил шуданд.
Ҳамзамон дар бахши мероси ғайримоддии башарият унсурҳои калидии фарҳанги миллӣ, аз қабили «Шашмақом», «Наврӯз», «Оши палав», «Чакан» ва «Фалак» ҷой гирифтаанд, ки сертификатҳои аслии онҳо имрӯз ороишдиҳандаи гӯшаи фарҳанги даврони истиқлоланд.
Ссолҳои 2022 – 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои минтақа номинатсияҳои «Ҷашни Сада», «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ», «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ», «Куллиёти Мавлоно», «Анъанаи бофтани атласу адрас», «Латифаҳои Хоҷа Насриддин», «Шоҳроҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон — Қароқум», ҷашни фархундаи «Меҳргон», «Санъати сохту навохтани рубоб», «Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим», «Фарҳанги суманакпазӣ» ва «Мамнуъгоҳи биосферии Ромит» ба ин рӯйхат ворид гардидаанд.
Ин гӯша на танҳо макони намоиши ҳуҷҷатҳои расмӣ, балки таҷассумгари заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи мероси ниёгон ва муаррифии он ба аҳли олам аст.
Дар толори «Истиқлоли давлатӣ» гӯшаи муҳташаме ба «Қаҳрамонони Тоҷикистон» бахшида шудааст, ки рамзи эҳтирому қадршиносии давлат ва миллат нисбат ба фарзандони содиқ аст.
Дар ин гӯшаи ифтихорӣ симоҳои барҷастаи миллат, ки барои ҳастии давлат ва рушди фарҳангу илми тоҷик хидматҳои бузург кардаанд, муаррифӣ мегарданд.
Дар гӯшаи мазкур асарҳо ва мусаввараҳо бо инъикоси чеҳраҳои ин шахсиятҳои бузург ҷой дода шудаанд, ки бозгӯи фидокориҳои онҳо дар роҳи саодати миллати тоҷик мебошад. Боздид аз ин гӯша барои насли ҷавон мактаби бузурги ибрат ва худогоҳӣ буда, эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллиро дар замири ҳар нафар ба маротиб меафзояд.
Инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ яке аз вазифаҳои муқаддаси Осорхонаи миллии Тоикистон буда, ин муассисаи фарҳангӣ тавассути экспозитсияи пурмазмун дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти ватанпарастӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ нақши калидӣ дорад. Инъикоси 35 соли давлатдории тоҷикон дар толори «Истиқлоли давлатӣ» собит месозад, ки Осорхонаи миллӣ марҳилаҳои рушди давлатдорӣ ва комёбиҳои беназири миллати тоҷикро дар сатҳи баланди илмию бадеӣ ҳифз ва муаррифӣ намудааст.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаррифи таъриху фарҳанги тоҷикон дар тарбияи насли созандаву бунёдкор заминаи мустаҳкам гузошта, минбаъд низ ҳамчун боргоҳи маънавии миллат дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми бориз мегузорад.
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон 649 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Лахш 90 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд






