Агентии «S&P Global Ratings» рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии байналмилалии рейтингии «S&P Global Ratings» рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B/B» бо дурнамои «мусбат» ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар аз дараҷаи «B/B» ба дараҷаи «B+/B» бозгӯи беҳтар гардидани арзёбии агентӣ вобаста ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Тибқи арзёбии «S&P Global Ratings», ба ин тағйирот суръати баланди рушди иқтисодӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, таҳкими қурби асъори миллӣ, қобилияти сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои қарзи давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги стратегии Тоҷикистон мусоидат намудаанд.
Тағйироти мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, метавонад ба таҳкими эътимоди шарикони байналмилалӣ ва сармоягузорон, беҳтар гардидани дастрасӣ ба захираҳои молиявии байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағгузории берунӣ замина гузорад.
Рейтинги соҳибихтиёрии қарзӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми байналмилалии арзёбии қобилияти қарзӣ ва хавфҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлат буда, дар қабули қарорҳои сармоягузорӣ ва арзёбии дурнамои иқтисодию молиявии мамлакат аз ҷониби шарикони байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






