Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2026/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа муҳиммияти омодагии ҷумҳурӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, ки аллакай оғоз гардида, то соли 2027 идома меёбад, таъкид гардид. Зимни ҷаласа иҷрои қарорҳои пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва коҳиш додани хавфҳо, ки зимни баҳодиҳии хавфҳои шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шудаанд», инчунин «Ҳисоботи баҳодиҳии хавфҳои ҚД/МТ/МПСҚО дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ» ва масъалаи марбут ба рӯйхати Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.
Зариф Ализода аҳаммияти марҳилаи нави баҳодиҳиро барои таҳкими устуворӣ ва шаффофияти низоми миллӣ таъкид намуда, иттилоъ дод, ки тибқи талаботи даври сеюми баҳодиҳии мутақобил саволномаи мутобиқати техникӣ ба талаботи тавсияҳои ФАТФ -Гурӯҳи байналмилалии таҳияи чораҳои молиявӣ (FATF — Financial Action Task Force) пур карда шуда, 3 августи соли 2026 ба Котиботи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод гардид. Зимнан ба иштирокдорони ҷаласа оид ба пур кардани саволномаи самаранокӣ дар асоси 11 натиҷаи бевоситаи ФАТФ ва пешниҳоди он бо маълумоти оморӣ ба Котиботи Гурӯҳи Авруосиё то моҳи октябри соли 2026 супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон бо мақсади омодагӣ ба вохӯриҳои маҷозӣ ва рӯ ба рӯ бо коршиносон – баҳогузорон аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиё, ки дар доираи даври сеюми баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки иштироки фаъолонаи намояндагонашонро дар гурӯҳи корӣ таъмин намуда, ҳамкориро бо Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон идома диҳанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






