Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, аз ҷумла дар мавзеъҳои Тартки ноҳияи Шаҳритус, Сардаи Миёнаи шаҳри Ваҳдат ва Элоки ноҳияи Рӯдакӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар доираи ҳамкории самарабахш байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим байни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» насб карда шуд.
Зимни маросими ба истифода додани стансияҳо гуфта шуд, ки насби чунин стансияҳои худкори обуҳавосанҷии муосир қадами муҳим дар самти такмили шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ, баланд бардоштани сифати мониторинги вазъи обу ҳаво ва таъмини дастрасии саривақтии маълумоти дақиқ ба ҳисоб меравад.
Стансияҳои мазкур дар реҷаи вақти воқеӣ нишондиҳандаҳои асосии обуҳавошиносӣ, аз ҷумла шиддатнокии бориш, ҳарорати ҳаво, суръати шамол ва дигар параметрҳоро ба қайд гирифта, маълумоти ҷамъоваришуда тавассути низоми худкор ба Агентӣ интиқол дода мешавад. Ин имконият медиҳад, ки вазъи обу ҳаво пайваста назорат ва таҳлил карда шавад.
Ин иқдом ба таҳкими иқтидори техникии соҳаи обуҳавошиносӣ, беҳтар намудани сифати пешгӯии обу ҳаво, огоҳсозии бармаҳал аз ҳодисаҳои хатарноки табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа ба таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






