Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Август 27, 2026 13:26

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон иншооти таъйиноти гуногуни таъмир ва бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бинои иловагии таълимии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 дар деҳаи Доманкӯҳ мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 яке аз муассисаҳои таълимии деҳаи Доманкӯҳ ба ҳисоб рафта, бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани теъдоди хонандагон зарурати бунёди синфхонаҳои иловагӣ ба миён омада буд. Бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардида, ба бунёди он зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд. Ин иқдоми созандаи аҳли деҳа намунаи равшани дастгирии соҳаи маориф ва саҳмгузории сокинон дар рушди маҳал ба шумор меравад.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тарбияи хонандагон пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳо бо назардошти талаботи муосир омода гардида, дар муассиса раванди таълим дар шароити беҳтар ба роҳ монда мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ бо 576 ҷойи нишаст дар ду баст ба ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст дар муассиса мусоидат хоҳад кард.

Дар шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон бинои Маркази рушди барвақтии кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот дар назди Маркази таълимии касбомӯзии назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шудааст.

Марказ аз 4 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои фарогирии 96 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар ҳар синфхона имкони ҷойгиршавии 24 кӯдак мавҷуд буда, онҳо бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Дар назди марказ ҳамчунин толори хониш мавҷуд аст, ки барои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ, инкишофи тафаккур ва баланд бардоштани шавқу завқи онҳо ба донишомӯзӣ хизмат хоҳад кард.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд. Бинои иловагии муассисаи таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва бартараф намудани норасоии синфхонаҳо сохта шудааст. Иншооти нав аз 8 синфхона иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти масъулин, ба бунёди бинои иловагӣ беш аз 550 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст. Сохтмони он бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша амалӣ шуда, ба раванди корҳои сохтмонӣ бештар сокинон ва мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини дастрасии сокинон ба оби тозаи нӯшокӣ дар деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.

Барои кашидани хати нави оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 595 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Барои таъмини мунтазами иншоот бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 160 киловолт-ампер насб гардида, инчунин барои фаъолияти низоми обрасонӣ хати барқии ҳавоӣ ба масофаи 500 метр кашида шудааст.

Дар баробари ин, бо дастгирии соҳибкорон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини заминҳои корам бо оби полезӣ насосҳои обкаш ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ дастрас ва насб карда шудаанд. Дар натиҷаи татбиқи ин иқдом имконият фароҳам омадааст, ки беш аз 1000 гектар замини кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин карда шавад.

Ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Бандар ва дигар аҳолии Ҷамоати деҳоти Сурхқалъа иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ на танҳо ба беҳтар гардидани шароити иҷтимоии сокинон, балки ба ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 27, 2026 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид