Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» оғоз гардид, ки то 22 август идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нмоишгоҳ дар доираи Форуми саноати хӯроквории Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ифтитоҳ гардид.
Намоишгоҳи байналмилалии «UPAK EXPO-2026» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ташкил гардид. Дар кори он беш аз 50 ширкати пешқадами соҳавӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Русия ва Туркия иштирок ва молу маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Баргузории намоишгоҳи мазкур ба рушди соҳаи бастабандӣ, амалӣ намудани технологияҳои муосири саноатӣ, тавсеаи робитаҳои кории тиҷоратӣ байни истеҳсолкунандагону таъминкунандагон, инчунин ҷалби сармояи мустақим ба бахши саноати хӯрокворӣ нигаронида шудааст.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






