Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад

Август 24, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон давоми солҳои 2026-2028 бунёди 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи хабари манбаъ, 555 нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе, 200-ададӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, 110 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 35 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешавад. Бо ин мақсад тақрибан 167 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи амали «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад. Ин марҳилаи дуюми барнома буда, нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 пешбинӣ кардааст. Нақша 9 нуқтаи асосиро дар бар мегирад, ки аз рӯи чор самт гурӯҳбандӣ шудаанд. Арзиши умумии татбиқи нақша 888 миллиону 48 ҳазор сомонӣ (тақрибан 95 миллион долларро) — ро ташкил медиҳад. 105 миллиону 988 ҳазор сомонии ин маблағ аз ҷониби шарикони рушд ва 782 миллиону 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад.

Тадбирҳои асосӣ ба фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, таҳияи заминаи меъёрӣ-техникӣ, рушди инфрасохтори барқпуркунӣ ва хизматрасонӣ, ташкили ҷамъоварӣ ва коркарди аккумуляторҳои истифодашуда, инчунин васеъ кардани парки электробусҳо нигаронида шудаанд.

Инчунин дар доираи татбиқи ин барнома мақомот ният доранд, ки нуқтаҳои махсуси хизматрасонии техникии мошинҳои барқиро таъсис диҳанд. Ҳоло тибқи нақша дар Душанбе ду нуқтаи хизматрасонии мошинҳои барқии BYD Service фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюми барнома боз 10 адад чунин нуқта кушода мешавад. Калонтарин моддаи хароҷот ба омода ва ба кор андохтани 210 автобуси муосири барқӣ, ҳар сол 70 ададӣ, яъне дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 дахл дорад. Барои ин 714 миллиону 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тавре ки дар санад навишта шудааст, ҳоло дар Душанбе 60 автобуси муосири барқии AKIA ULTRA ҳаракат мекунанд.

Блоки алоҳидаи нақша ба батареяҳои аккумуляторӣ бахшида шудааст. Мақомот нақша доранд, ки инфрасохторро барои ҷамъоварии батареяҳои истифодашуда, ҷудо кардани замин барои иншооти дахлдор дар минтақаҳо, инчунин таҳияи технологияҳои безараргардонии батареяҳо ва истифодаи дубораи онҳо рушд диҳанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 24, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид