Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд

Август 1, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Синамаконӣ барои оғози устувори зиндагӣ: он чизеро, ки самар медиҳад, таҳким мебахшем» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор мегардад. Дар Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин маърака ҳамчун даҳа аз 1 то 10 август доир карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки таҳлили солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронида нишон медиҳад, ки додани шири модар ба кӯдак солҳои пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳот бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни занон бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки аз ҳама бештар шири сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба зиёдтар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз кардааст. Бинобар ин, аз соли 1998 сар карда, то кунун дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ карда мешавад.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак  аз рӯзи ҳомиладорӣ то 2-солагии кӯдак ба ҳисоб меравад. Ин давра  ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-руҳии кӯдаконро дар бар мегирад.

Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона низ ба ҳисоб меравад. Фоиданокии шири сина дар баробари дигар узвҳо, пеш аз ҳама, ба майнаи сари кӯдак мерасад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи тандурустӣ, кӯдаконе, ки шири модарро зиёд хӯрдаанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон-гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд