Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст

Август 20, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то нимаи якуми соли 2026 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки ин рақам соли 1991 119 ададро ташкил медод. Яъне, шумораи корхонаҳо нисбат ба соли 1991 11,2 баробар ё 1215 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 5,4 миллиард сомонии соли 1991 ба 39,1 милиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст. Суръати рушди он бо нархҳои ҷорӣ мутаносибан нисбат ба соли 1991 7,2 баробар ва нисбат ба соли 1995 26,1 баробар зиёд шудааст.

Дар 5 соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо 7,3 ҳазор ҷойи нави кор бунёд ва ба истифода дода шудааст. Шумораи миёнаи кормандон дар соҳаи саноат соли 2025 ба 36,3 ҳазор нафар баробар гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 20, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст