«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид

Август 18, 2026 15:44

ДУШАНБЕ, 18.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти “Эко-Принт”  китоби «Футбол ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид , иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ дар заминаи пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами  Эмомалӣ  дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ва  ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чоп гардидааст.

Китоб аз дастурҳои мукаммал дар мавзуи таърих, вазъи имрӯза ва дурнамои рушди футболи миллӣ ба ҳисоб рафта аз  496 саҳифа иборат мебошад. Таҳиягар ва муҳаррири масъули китоб  номзади илмҳои сиёсӣ Дилноза Аҳмадзода дар асоси ҷамъоварии маводи соҳавӣ аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ ва дар ҳамкории мутақобили судманд бо Федератсияи футболи Тоҷикистон китобро таҳия ва ба чоп пешниҳод намудааст.

Ҳадафи таҳияи китоб  танҳо муаррифии таърихи футбол набуда, дар саҳифаҳои он тамоми раванди ташаккул ва рушди футболи Тоҷикистон — аз марҳилаҳои нахустини пайдоиш то дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, аз футболи кӯдакону наврасон то футболи касбӣ, аз футболи занон то футзал, аз рушди инфрасохтор то ҳамкории байналмилалӣ ва дурнамои соҳа инъикос ёфтаанд. Аз ҳамин лиҳоз, китоб на танҳо як китоби соҳавӣ, балки як солномаи муосири футболи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар саҳифаи аввали китоб сарсухани пурмуҳтавои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба футболи тоҷик дар масири рушди устувор оварда шудааст.

Тибқи маълумоти дар ин китоб чоп гардида, танҳо дар солҳои 2017–2025 дар Тоҷикистон 7 варзишгоҳи калон, академия, маркази техникии футбол ва зиёда аз 946 майдончаи хурди футбол бунёд карда шудааст. Дар лигаҳои гуногун дастаҳои зиёде фаъолият намуда, ҳазорҳо футболбоз ба мусобиқаҳои сатҳи гуногун ҷалб шудаанд.

Яке аз паҳлуҳои муҳими китоб таваҷҷуҳ ба рушди футболи кӯдакону наврасон мебошад. Зеро ҳар дастоварди бузурги футболи миллӣ аз як майдончаи хурд, аз як кӯдаки дорои орзу ва аз як мураббии содиқ оғоз меёбад.


Дар баробари ин, дар китоб ба масъалаи инфрасохтори муосири футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Зеро футболи сатҳи баланд бе майдонҳои босифат, варзишгоҳҳои замонавӣ, технологияҳои муосир ва шароити муносиб барои тамрин тасаввурнопазир аст. Дар китоб доир ба марҳилаҳои рушди инфрасохтори футболи кишвар барои солҳои 2023–2030, аз ҷумла навсозии варзишгоҳҳо, такмили майдонҳо, истифодаи чаманҳои гибридӣ, технологияҳои рақамӣ ва системаҳои ҳушманд маълумоти зарурӣ пешниҳод гардидааст.

Ҷолибияти дигари китоб он аст, ки дар он  ояндаи футболи тоҷик низ   таҳлили мушаххас карда шудааст. Рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои нав дар омодасозии футболбозон, рушди инфрасохтор, такмили фаъолияти лигаҳо ва баланд бардоштани сифати менеҷменти футбол аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар дурнамои соҳа то соли 2030 ҷойгоҳи муҳим доранд.

«Футбол ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо китоб дар бораи натиҷаҳои бозиҳо, номи дастаҳо ва футболбозон нест. Ин китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ дар бораи  шахсият ва чеҳраҳоест, ки футболро ташаккул додаанд, дар бораи наслҳоест, ки бо орзуи футболбоз шудан ба майдон баромадаанд, дар бораи мураббиёнест, ки истеъдодҳоро тарбия кардаанд, дар бораи мухлисонест, ки дар лаҳзаҳои душвор ҳам дастаҳои худро танҳо нагузоштаанд ва дар бораи тадбирҳои беназири давлат ва Ҳукумати кишварест, ки рушди варзишро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва тарбияи насли солим дастгирӣ менамояд.

Арзиши китоб дар он аст, ки гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо фардо мепайвандад. Он таърихи футболро нигоҳ медорад, дастовардҳои имрӯзаро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва ҳамзамон ба самтҳои ояндаи рушди соҳа назар меандозад. Аз нахустин чемпионатҳои солҳои гузашта то марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, аз майдонҳои одии футбол то варзишгоҳҳои муосир, аз фестивалҳои кӯдакона то ташаббуси ҷаҳонии Рӯзи футбол — ҳамаи ин саҳифаҳо ҳақиқати муҳимро собит месозанд, ки футболи тоҷик роҳи тӯлониеро тай намуда, имрӯз ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Аз ин рӯ, таҳия ва нашри китоби «Футбол ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арҷгузорӣ ба таърихи футбол, қадршиносии заҳмати наслҳои футболбозону мураббиён, инъикос ва сабти  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нигоҳе ба ояндаи соҳа мебошад. Ин китоб метавонад барои мутахассисон ва муҳаққиқон сарчашмаи муҳими иттилоотӣ, барои ҷавонону наврасон воситаи омӯзишӣ ва барои дӯстдорони футбол ганҷинаи хотираҳои варзишӣ гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2026 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад