Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард

Август 16, 2026 22:28

ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ), ки 15-16 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чемпионат, ки бо иштироки варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон баргузор гардид, паҳлавонон дар 9 вазн — 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон — барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат намуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 12 медал — 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, дар вазнҳои мардона баромади назаррас нишон дод.

Медалҳои тиллои Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 71 кг, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 78 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 95 кг ба даст оварданд.

Дар вазни то 71 кг Умар Шеров, дар вазни то 78 кг Қоим Шукронов ва дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев соҳиби медали нуқра шуданд.

Медалҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кг, Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг соҳиб гардиданд.

Тибқи муқаррароти чемпионат, ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим карда шуд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои мардон дар вазни то 65 кг Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов ва Мустафои Абдулфайз, дар вазни то 71 кг Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров ва Абдуллои Ориф, дар вазни то 78 кг Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов ва Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни то 86 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов ва Ҳақназар Назаров, дар вазни то 95 кг Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов ва Саидҷамол Алимардонов, дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов ва Фирдавс Насимов иштирок намуданд.

Дар байни занон дар вазни то 57 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова ва Фотима Исанбоева, дар вазни то 70 кг Шаҳло Эрматова ва Миҷгона Сафарова ва дар вазни беш аз 78 кг Мавлуда Асламова Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

\
Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) идомаи муваффақонаи аввалин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар ин риштаи варзиш ба шумор меравад. Чемпионати якуми ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 28-31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.

Ғолибони дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ)-2026 

Рӯзи якум

Вазни то 57 кг (занон):
Ҷойи якум — Юлия Казарина (Русия);
Ҷойи дуюм — Дария (Олмон);
Ҷойи сеюм — Хуанг Йи (Чин) ва Ҳилола Ортиқбоева (Узбекистон).

Вазни то 65 кг (мардон):
Ҷойи якум — Муҳаммад Салимов (Тоҷикистон);
Ҷойи дуюм — Султан Плиев (Русия);
Ҷойи сеюм — Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон) ва Наҷмӣ Раҳимуллоҳ (Афғонистон).

Вазни то 71 кг (мардон):
Ҷойи якум — Абдуллои Ориф (Тоҷикистон);
Ҷойи дуюм — Умар Шеров (Тоҷикистон);
Ҷойи сеюм — Муҳаммадисо Раҷабов (Тоҷикистон) ва Сӯҳроб Рахшон (Эрон).

Вазни то 78 кг (мардон):
Ҷойи якум — Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон);
Ҷойи дуюм — Қоим Шукронов (Тоҷикистон);
Ҷойи сеюм — Эҳсони Забиҳуллоҳ (Афғонистон) ва Зубко Даниил (Фаронса).

Рӯзи дуюм

Вазни то 70 кг (занон):
Ҷойи якум — Камила Бадурова (Русия);
Ҷойи дуюм — Юлия Хребеножко (Украина);
Ҷойи сеюм — Ҳавкес Рачаел (Британияи Кабир) ва Ҷиа Дандан (Чин).

Вазни беш аз 78 кг (занон):
Ҷойи якум — Парк Ҷонгвон (Кореяи Ҷанубӣ);
Ҷойи дуюм — Еленора Гетти (Италия);
Ҷойи сеюм — Сабина Кадюрова (Туркманистон) ва Ҳу Ҷинвен (Чин).

Вазни то 86 кг (мардон):
Ҷойи якум — Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон);
Ҷойи дуюм — Ахмад Ахмадов (Русия);
Ҷойи сеюм — Анри Эгутидзе (Португалия) ва Турпал Тепкаев.

Вазни то 95 кг (мардон):
Ҷойи якум — Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон);
Ҷойи дуюм — Хусейн Халмурзаев (Русия);
Ҷойи сеюм — Акмал Муродов (Тоҷикистон) ва Ҷонибек Қазоқов (Узбекистон).

Вазни беш аз 95 кг (мардон):
Ҷойи якум — Шоҳруххон Бахтиёров (Узбекистон);
Ҷойи дуюм — Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон);
Ҷойи сеюм — Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон) ва Бекмурод Олтибоев (Узбекистон).

АКС: АМИТ «Ховар»/«Варзиш ТВ»

Август 16, 2026 22:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад