Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17), ки дар шаҳри Улан –Батор- пойтахти Муғулистон то 28 август идома меёбад, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи COP17 Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад ва Котиби иҷроияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Ясмин Фуад иштирок намуданд.
Дар кори иҷлосия Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сухан намуда, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаҳои пиряхҳо, иқлим ва ҳифзи захираҳои об баён намуд.
Баҳодур Шерализода зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро барои мубориза бо таназзули замин, биёбоншавӣ ва хушксолӣ таъкид карда, робитаи байни ин равандҳо ва тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва устувории экосистемаро изҳор намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои муҳими оби ширин, истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ ва яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо аҳамияти хосса доранд.
Иштироки Тоҷикистон дар COP17 ба пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар идоракунии устувори замин, баланд бардоштани устуворӣ ба хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ва барқарорсозии экосистемаҳои таназзулёфта равона шудааст.
COP17 барои рушди минбаъдаи муколамаи байналмилалӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли амалӣ дар барқарорсозии замин, идоракунии устувори захираҳои табиӣ, баланд бардоштани устувории хушксолӣ ва тақвияти робитаи замин-об-иқлим платформаи муҳим фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






