Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд

Август 15, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Узбекистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конфронси байналмилалӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок ва сухан намуд.

Иброз гардид, ки бо тай намудани роҳи устувори рушди давлатдорӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалӣ Ҷумҳурии Узбекистон сиёсати созандаеро пеш мебарад, ки ба таҳкими фазои ҳамсоягии нек, эътимоди мутақобил ва рушди ҳамкории созанда байни давлатҳои минтақа нигаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои деринаи ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобил устувор буда, бо иродаи сиёсии роҳбарияти ду кишвар пайваста таҳким ёфта, ба сӯи рушди бештари дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории созанда равона гардидаанд. Хусусан сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Инчунин ба нақши дипломатияи парлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Гуфта шуд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ яке аз василаҳои муҳими таҳкими эътимод буда, ба нигоҳ доштани руҳияи муколама, табодули таҷриба ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории дарозмуддат мусоидат мекунанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд