Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ», ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардида истодааст, 19 август дар вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд София Шакил баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додад.
Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марказ ба истифода дода шуд, ки ҳоло фаъолияти самаранок доранд.
Марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ, марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара бо тарҳи замонавӣ бунёд карда шудаанд. Дар онҳо барои омӯзиши касбҳои афзалиятнок ва рушди малакаҳои касбии шаҳрвандон имконияти нав фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин марказҳо даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, эътирофи салоҳияти касбӣ ва рушди малакаҳо дар асоси методологияи нави таълим амалӣ карда мешавад.
Иброз гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказҳо рушди низоми таълими касбӣ, татбиқи усулҳои муосири таълим дар асоси салоҳият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзишу такмили малакаҳои касбии шаҳрвандон мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба идомаи ҳамкорӣ дар самти рушди таълимоти касбӣ, баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбии шаҳрвандон, тавсеаи имконияти бокортаъминшавӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав табодули афкор намуданд.
София Шакил аз сатҳи ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Осиёии Рушдро барои идомаи ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки рушди сармояи инсонӣ, малакаҳои касбӣ ва шуғли аҳолӣ иброз намуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






