Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба ҳамоиш доир мешавад

Август 18, 2026 14:57

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябр бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик дар доираи ҷаҳони бисёрқутба: ҳолат ва дурнамо» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, дар кори конференсия олимон, муҳаққиқону коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.

Дар ҳамоиш мафҳуми ҷаҳони бисёрқутба дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мавқеи давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба, нақши ҷавонон дар раванди ташаккули ҷаҳони бисёрқутба, вазъи ҷаҳони бисёрқутба ва нақши қудратҳои минтақавӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба, ҳолат ва дурнамои низоми муносибатҳои байналмилалии муосир дар вазъи ҷаҳони бисёрқутба ва дигар масоил баррасӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2026 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд