ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ибораи «Пешвои ятимпарвар» дар Тоҷикистони имрӯза таъбири нав буда, дар таркиби луғавии забони мардум вобаста ба тағйироту пешрафти сатҳи зиндагӣ ва шароити иҷтимоии соҳибватанон дар радифи ибораҳои «Пешвои миллат», «Пешвои раиятпарвар», «Пешвои сулҳофар», «Пешвои мардумӣ», «Пешвои маҳбуб», «Пешвои муаззам», «Пешвои тоҷикони ҷаҳон» ва даҳҳо таъбирҳои дигар офаридаи зеҳни мардум аст. Ин ибора ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат дода мешавад ва ҳамчун тавсифи заҳматҳои Роҳбари давлат нисбат ба ятимон, ҳамчун сифати як шахсияти раиятпарвар баёнгари талошу заҳматҳо, ғамхорию меҳрубонӣ, дастгирии доимӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба кӯдакони ятиму бепарастор, бемору маъюб ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ буда, аз забони шаҳрвандони кишвар садо медиҳад.
— Ятим ниёзмантарин фард дар ҳар ҷомеа аст, зеро ӯ кӯдакест, ки аз падар, модар ва ё ҳарду маҳрум шудааст, фарзандест, ки аз меҳру ғамхорию муҳаббати падар ё модар ва ё аз ҳарду якумрӣ маҳрум мондааст. Ибораи «Пешвои ятимпарвар» офаридаи зеҳни мардум буда, Сарвари давлат дар ин маврид чунин иброз доштаанд: «Шумо ятимии худро ҳис намекунед, зеро ман падари шумо ҳастам».
Аз лиҳози ҳуқуқӣ низ ин мафҳумҳо дақиқ муайян шудаанд: тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», кӯдаки ятим кӯдакест, ки падару модараш ё падар ё модари ӯ вафот кардаанд ва кӯдаки бепарастор кӯдакест, ки бо сабабҳои дигар – маҳрум шудани падару модар аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб донистан, дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ будан ва монанди инҳо бе парастории волидайн мондааст.
Аз ҳамин дидгоҳ, ятимон як қишри эҳтиёҷманди ҷомеа ҳастанд, ки ба меҳрубонӣ ва дастгирии бештар ниёз доранд. Дили онҳо нозук, пурдард ва ташнаи навозишу муҳаббат аст. Дарди дили онҳоро на ҳар шахс дарк карда метавонад.
Кӯдакони ятим ба мушкилоти зиёди руҳию равонӣ, аз қабили талафоти падару модар, ғаму андӯҳ, сарсонию саргардонӣ ва оворашавӣ, номуайянӣ ва парешонӣ дар зиндагии минбаъда, ки аслан ҷуброннашавандаанд, рӯбарӯ мешаванд. Онҳо аз дастгириҳои руҳию равонӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ, ки одатан аз ҷониби падару модар таъмин карда мешаванд, маҳрум мегарданд. Табиист, ки ҷамъиятҳо, созмону ташкилоти гуногун, шаҳрвандону шахсони саховатманд дар бартараф кардани ин мушкилот ба ятимон кумак мерасонанд, вале ин кумакҳо доимӣ нестанд. Маҳз аз ҳамин ҷо як хулосаи муҳим бармеояд: кумаки пароканда дарди ятимро сабук мекунад, вале танҳо сиёсати устувори давлатӣ метавонад тақдири ӯро дигаргун созад.
Вазифаи аз ҳама муҳим ва қобили таваҷҷуҳи ҳар давлат дастгирӣ ва пуштибонӣ кардани қишри аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазири ҷомеа, яъне ятимон, бепарасторон, маъюбон ва камбизоатон маҳсуб мешавад.
Тақдири неки миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик баландӣ кард ва дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон шахсияти беназири таърихӣ дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки олитарин сифатҳои инсонӣ – бузургдиливу шуҷоат, раҳму шафқат, қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ, бахшоишу гузашт кардан дар ин шахсият нуҳуфта буданд. Маҳз таҷаммуи ҳамин хислатҳои олии инсонии Роҳбари давлат Тоҷикистони тозабунёд ва ҷомеаи мамлакатро ба худогоҳиву хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Сарвари давлат мудом дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «дар ҷомеаи озоду демократие, ки ҳоло бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, маросиму анъанаҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллиамон рангу таровати тоза бахшем».
Ғамхорӣ ба ятимон дар санадҳои дунявии байналмилалӣ
Ин арзиш дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ низ инъикос шудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948, моддаи 25) модарӣ ва кӯдакиро ба ғамхорию кумаки махсус ҳақдор мешуморад. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак (1989), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 1993 ба он ҳамроҳ шудааст, дар моддаҳои 3, 20 ва 27 муқаррар менамояд, ки кӯдаки муваққатан ё доимӣ аз муҳити оилавӣ маҳрумшуда ба ҳимоя ва кумаки махсуси давлат ҳақ дорад. Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 низ бар принсипи «касеро дар қафо нагузорем» устувор мебошанд.
Асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ятимон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ятимпарварии давлат бар пояи мустаҳками ҳуқуқӣ устувор аст. Моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар менамояд: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Моддаи 39 Конститутсия ба ҳар шахс ҳангоми маҳрум шудан аз сарпараст кафолати таъмини иҷтимоӣ медиҳад. Яъне ғамхорӣ ба ятим дар Тоҷикистон на амали ихтиёрӣ, балки уҳдадории конститутсионии давлат аст.
Ин меъёри конститутсионӣ дар қонунгузории соҳавӣ густариш ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 мафҳумҳои «кӯдаки ятим», «кӯдаки бепарастор», «оилаи парастор» ва «таъминоти пурраи давлатӣ»-ро муайян намуда, талаб мекунад, ки барои кӯдакони дар муассисаҳо ҷойгиршуда шароити ба муҳити оила наздик муҳайё карда шавад. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фарзандхондӣ, васоят ва парасторӣ, Қонун «Дар бораи маориф» имтиёзҳои таҳсилӣ ва Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» тартиби таъйини нафақаи маҳрумшудагон аз сарпарастро танзим менамоянд.
Меҳри падарӣ – сарчашмаи маънавии ятимпарварӣ
Хандонидани ятими хаста нишони фазилати бузурги ғамхорӣ, навозиш ва шод кардани кӯдакони ятиму бепарастор аст. Сила кардани сари ятими муҳтоҷи навозиш ва гармӣ бахшидан ба дили озурдаи аз меҳру муҳаббат ташнаи ӯ дар фарҳанги миллати мо амали нек ва савоби бузург маҳсуб мешавад.
Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳеҷ гоҳ касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳр пур аз қалби саршор ва пайванди ҷисмонию равонии хуну тани гарм буда, фарзанди ҷигарбандро эҳсоси хушҳолӣ мебахшад.
Волидайн беҳтарин пушту паноҳ, азизтарин ҳастии олам барои фарзанд, мунаввартарин қалби саршори меҳру муҳаббат, пурзӯртарин қуввату мадори дилҳои муҳтоҷ ба меҳру навозиш ҳастанд. Ятимон аз ҳамин меҳри бузург маҳруманд ва онҳоро дастгирӣ кардан, хотирашонро лаҳзае болида гардонидан коре савобу некии бузурге дар назди Офаридгор аст. Бузургон гуфтаанд, ки:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
(аз «Пандномa»[1]-и Шайх Аттор).
Хушбахтона, мо дар давлате зиндагӣ дорем, ки ятимонро зери чатри парастории худ гирифта, бо меҳру муҳаббати бузург парварида, аз афсурдагиву ғам дар канор гузоштааст ва онҳо дарди бекасии худро эҳсос намекунанд. Онҳо имрӯз дар беҳтарин муассисаҳои томактабӣ, дар муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ таҳсил мекунанд, илм меомӯзанд, муҳаббат мебинанд, хотири озурдаашон болида мегардад.
Ин ҳама самимияту эҳсонкорӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии давлатдории марди шуҷою хирадманд ва ятимпарвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дили пур аз меҳри саршор ва фазилати инсонпарваронаашон сарчашма мегирад.
Роҳбари давлат аз нахустин рӯзҳои ба зимма гирифтани роҳбарии кишвар (аз 19 ноябри соли 1992) ғамхорӣ ба ятимонро аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ва миллат арзёбӣ карда буданд, зеро ятимон гурӯҳе ҳастанд, ки ба таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва имкониятҳои баробар барои инкишофи шахсият ниёз доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ятимон шароити мусоид ва имтиёзҳои зиёд фароҳам оварда шудааст.
«Шумо ятимии худро ҳис намекунед, ман падари шумо ҳастам»
Тасаллои пур аз эҳсос ва саршор аз муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба дили ҳазорҳо кӯдаки ятим неру ва умед бахшидааст, ҳамин аст: «Шумо ятимии худро ҳис намекунед, ман падари шумо ҳастам».
Ин сухан нишони меҳрубонӣ, шафқат ва ғамхории ҳақиқии Сарвари давлат нисбат ба ятимон мебошад ва бо самимияти ҳақиқӣ нишон медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Роҳбари давлат, балки падари меҳрубону ғамхори тамоми кӯдакони Тоҷикистонанд.
Ин ҷумла, ки «шумо ятимии худро ҳис намекунед» на танҳо як сухани тасаллобахш, балки паёми умед ва меҳру муҳаббат ба ояндаи дурахшон то расидан ба айёми камолот барои ҳар кӯдаки ятим аст. Он ба ҳар кӯдаки ятим паём медиҳад, ки дар ин сарзамин ӯ танҳо нест, давлат ва Пешвои миллат мисли падар дар паҳлуи ӯ меистанд, ба онҳо неруи қалбӣ медиҳанд ва дар зиндагӣ метавонанд бо меҳнат, таҳсил ва сабр ба орзуҳои худ бирасанд.
Аз чунин ғамхориҳо баҳра бардошта, садҳо кӯдаки ятим имрӯз соҳиби таҳсил, касб ва зиндагии шоиста ҳастанд. Ҳамин як ҷумлаи кӯтоҳ – «Шумо ятимии худро ҳис намекунед» — рамзи инсондӯстӣ ва падарии ҳақиқии Пешвои миллат нисбат ба фарзандони ятим мебошад ва барои ҳазорон кӯдакон маънои бузургеро дорад: «Ман танҳо нестам».
Дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми маориф бо бунёди муассисаҳои таълимӣ навгониҳои беназир ба вуқуъ омаданд, ятимон аз мадди назари Сарвари давлат дур намонда, барои онҳо шароити хуби таҳсилу зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсис ёфтани хонаҳои кӯдакон, марказҳои таълимӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва марказҳои ҳунармандӣ яке аз дастовардҳои арзандаи сиёсати иҷтимоии Сарвари ятимпарвари давлат аст.
Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъмини зиндагии шоиста барои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба ғамхорӣ ва дастгирии маъюбону ятимон сухан ронда, ҳамаи шаҳрвандонро даъват менамоянд, ки нисбат ба ин қишри ҷомеа бетараф набошанд ва онҳоро дастгирӣ намоянд. Пайваста таъкид менамоянд, ки «ман ҳеҷ вақт ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».
Дар ҳама маъракаҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ, эҳсонкорию саховатмандӣ ҳар сол Пешвои миллат шахсан аз ятимхонаҳо дидан намуда, дар ҳамоишҳо бо мардум ятимонро пазируфта, онҳоро бо туҳфаҳо ва суханҳои пурмеҳру муҳаббат руҳбаланд месозанд. Ин тарзи муносибат хотиррасон мекунад, ки ғамхорӣ ба ятимон танҳо кори хайр нест, балки қарзи виҷдон ва нишони инсонгарист. Бинобар ин, мардум ӯро бо эҳтиром «Пешвои ятимпарвар» меноманд.
Воқеан, дар сарзамин ва низоми давлати имрӯзаи Тоҷикистон ятимон худро танҳо эҳсос намекунанд, онҳо бо ифтихор мегӯянд, ки Пешвои миллат барояшон мисли падари ғамхор аст.
Дастгириҳои падаронаи Пешвои миллат ва муҳаббати самимӣ нисбат ба ятимон ба онҳо неруи зеҳнӣ мебахшад, то дар таҳсил, варзиш ва меҳнат муваффақ гардида, дар камоли балоғат тарбия ёфта, табиб, омӯзгор, муҳандис ва хизматгузори содиқи Ватан шаванд. Ин ғамхориҳо шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи инсонпарварона метавонад тақдири насли ҷавонро ба роҳи нек ҳидоят намояд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки неруи қалбии ятимон маҳз аз дастгириҳо ва меҳрубониҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад.
Таҳсил, касбомӯзӣ ва квотаи президентӣ
Имтиёзи муҳим барои ятимон имконияти васеи касбомӯзӣ ва таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол барои ятимон квота ва ҷойҳои махсус ҷудо мекунад, то онҳо тавонанд дар мактабҳои касбӣ, литсейҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо ройгон таҳсил намоянд. Ин тасмим ба он равона карда шудааст, ки ятимон соҳиби касб ва зиндагии мустақил гарданд.
Дар баробари ин, давлат муассисаҳои таълимии касбиро вазифадор кардааст, ки барои ятимон шароити хуби зист ва таълим, аз ҷумла ҷойи хоб, хӯрокӣ, шароити хуби иҷтимоӣ ва китобҳои дарсӣ фароҳам оваранд. Бо дастгирии Пешвои миллат барномаҳои махсуси давлатӣ амалӣ мешаванд, ки ҳадафашон омода кардани ятимон ба ҳаёти мустақилона мебошад.
Сиёсати ҳадафмандонаи иҷтимоии давлат ба ятимон на танҳо ба ҳифзи шароити иҷтимоӣ, балки ба рушди зеҳнӣ ва касбии онҳо нигаронида шудааст. Агар ятимон соҳибкасб ва соҳибилм бошанд, метавонанд дар оянда ба ҷомеа хизмат намоянд ва дар рушду инкишофи соҳаҳои муҳимми давлатдорӣ барои Ватан саҳм гузоранд. Бинобар ин, имтиёзи ятимон барои касбомӯзӣ рамзи ғамхорӣ, адолат ва инсондӯстии Роҳбари давлат мебошад.
Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки «ҳар ҷавон бояд соҳиби илму ҳунар гардад, то дар оянда ба ҷомеа фоида расонад».
Дар раванди татбиқи сиёсати маорифпарварона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони деҳоти дурдасти кишвар, пайдо кардани ҷавонони болаёқат, инчунин барои таҳкими сатҳи маърифат ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷудо карда шавад.
Маҳз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти занону духтарони минтақаҳои дурдаст сабаб шудааст, ки ҳар сол духтарон тибқи квотаҳои президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Ҳамасола барои ҷавондухтарону писарони довталаби минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ квотаҳои президентӣ ҷудо гардида, ба онҳо имконияти хуби таҳсилу будубош фароҳам оварда мешавад. Масалан, барои соли таҳсили 2026-2027 шумораи квотаҳои президентӣ 1670 адад (835 духтар ва 835 писар) муқаррар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 401 адад зиёд мебошад.
Дар низомномаи квотаи президентӣ барои нафарони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла маъюбон, ятимон ва нафарони бепарастор имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ гардидаанд. Баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои олӣ донишҷӯёне, ки ба тариқи квота таҳсил намудаанд, вобаста ба тахассус ба корхонаҳои давлатии маҳалли зист ба кор ҷалб карда мешаванд, ки аз ин имтиёз дар навбати аввал ятимону маъюбон бархурдор ҳастанд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барои ба таҳсил фаро гирифтани ятимон ва нимятимон дар низоми муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олӣ имтиёзҳои зиёде муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла:
— ятимони кулл, ки ҳам падар ва ҳам модарашон вафот кардаанд, метавонанд ба донишгоҳ бе озмуни умумӣ дохил шаванд, дар маркази тестӣ ба онҳо холҳои (баллҳои) иловагӣ дода мешавад;
-ҳангоми таҳсил онҳо бо хобгоҳи ройгон таъмин карда мешаванд;
— ба ятимони кулл стипендияи махсус дода мешавад;
— ятимон бо се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Барои баҳрабардорӣ аз ин имтиёзҳои муқарраршуда ятимон танҳо бояд ҳуҷҷати ятимиро аз мақомоти васояту парасторӣ гирифта, ба донишгоҳ супоранд. Ҳамчунин Сарвари давлат тавассути барномаҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ даҳҳо иншооти таълимӣ, хонаҳои кӯдакон ва марказҳои ҳунармандиро бо таҷҳизоти муосир таъмин намудаанд. Дар натиҷа садҳо ятими кишвар соҳиби ҳунар ва касбҳои серталаб – яке дӯзанда, дигаре барқчӣ, омӯзгор, табиб ё муҳандис шудаанд.
Маҳз ҳамин дастгирӣ ва таваҷҷуҳ сабаб шудааст, ки ятимон имрӯз бо руҳи баланд ва ифтихор аз ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва фаъолият доранд. Онҳо медонанд, ки давлат пуштибон ва Президент падари ғамхорашон мебошад.
Саҳми Пешвои миллат дар соҳибҳунар кардани ятимон ва оиладор намудани онҳо воқеан саҳми бузурги инсонпарварона, рисолати падарӣ ба фарзанд аст, ки насли ятимро ба зиндагии мустақил ва созанда раҳнамоӣ мекунад. Пешвои муаззами миллат дар як вохӯрӣ бо ятимон бо ҳиссиёти баланди самимият ва эҳтироми махсус гуфта буданд, ки «то ҳастам, ятимонро дастгирӣ мекунам».
Таъминоти иҷтимоӣ, нафақа ва кумакпулиҳо
Ба ҳукми анъана, расму ойин ва одат даромадааст, ки Пешвои миллат дар рӯзҳои ид, бахусус Иди саиди Фитр, Иди Қурбон ва соли нави мелодӣ ва ҷашни Наврӯз шахсан ятимонро аёдат намуда, бо онҳо суҳбату мулоқот ороста, аз аҳволи зисту таҳсилашон пурсон мешаванд. Ин амали эҳсонкорӣ ва рисолати инсонӣ барои ҳар кӯдаки ятим руҳияи нав ва нерую умеди тоза ба зиндагӣ мебахшад.
Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии нафақагирон 877 ҳазору 206 нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб 172 ҳазору 509 нафар маъюб, 1009 нафар кӯдаки ятими кулл ва 75 ҳазору 588 нафар кӯдаки нимятим мебошанд ва ҳамаи онҳо зери сарпарастии давлат қарор доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти марбута ба таъмини иҷтимоӣ, нафақа ва таҳсили кӯдакони ятим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Ҳисоби мушаххас ва дақиқи ҳарсолаи тамоми ятимон дар кишвар аз тағйирёбии демографӣ вобаста буда, маълумоти пурраи ҳисобдорӣ дар гузоришҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ мешавад ва таҳти назорати доимии Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва зиёд кардани нафақаи ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ҳамин дидгоҳи инсонгароӣ Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи январи соли 2021 иброз намуданд, ки «соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд ба роҳ монда шуда, ба зиёда аз 700 ҳазор сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд.
Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.
Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».
Ҳамзамон дар ҳамин Паём Президенти Тоҷикистон андозаи нафақа ва кумакпулиҳоро барои ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон вобаста ба намуди нафақа аз 20 то 50 фоиз баланд бардоштанд.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки моҳи декабри соли 2021 пешниҳод гардид, андозаи нафақаи амалкунандаи ятимони кулл ва нимятимонро ба андозаи 25 фоиз зиёд намуданд.
Бояд гуфт, ки иқдоми пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон ба беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазир мусоидат намуд.
Муассисаҳои ятимон ва маъюбон дар Тоҷикистон солона аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Маблағҳои мазкур ба таъмини ғизо, будубош, сарулибос, маводи гигиенӣ ва хизматрасонии тиббии тарбиятгирандагони хона-интернатҳо ва мактаб-интернатҳо равона мегарданд.
Илова бар буҷети давлат муассисаҳои мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва шарикони рушд мунтазам дастгирии моддӣ мебинанд, ки ин омилҳо аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Сарвари давлат сарчашма мегиранд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2025 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намудааст.
Танҳо соли 2025 ба муносибати идҳо ва рӯзҳои таърихӣ ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои кӯдакони ятим ва маъюб, хонаҳои кӯдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи зиёда аз 22 миллион сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд.
Танҳо як рақам миқёси ин ғамхориро нишон медиҳад: соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар кишвар 5 миллиарду 682 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 як миллиарду 4,9 миллион сомонӣ зиёд аст ва дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Мисоли дигар аз чунин кумакҳо: 10 феврали соли 2022 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаи истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Зимни супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.
Ҳамзамон ҳангоми сафарҳо ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дастфишории самимона бо мардум, сари ятимонро бо муҳаббати падарона сила кардану бо меҳрубонӣ навозиш намудан, бӯсидани рухи тифлакон, ҳамзамон ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқатро дастгирӣ намудан обрӯ ва мартабаи Пешвои миллатро беш аз пеш афзуда, ҳамагон ба ранҷу заҳмати ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик арҷ мегузоранд. Чунин ғамхорию таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба ятимону маъюбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа зимни ҳама сафарҳои кориашон ба минтақаҳои кишвар амалӣ гардида, ба ҳукми анъана даромадааст.
Сиёсати иҷтимоии давлат сол ба сол мазмуни мушаххастар мегирад. Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2020 то инҷониб, дар асоси фармонҳои Президенти мамлакат андозаи нафақаи шаҳрвандон, аз ҷумла ятимону маъюбон ва пиронсолон шаш маротиба, яъне 60 фоиз зиёд гардидааст.
Агар андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ соли 2025 дар ҳаҷми 644 сомонӣ буд, он соли 2026 ба 741 сомонӣ баробар мегардад. Инчунин андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ агар соли 2025 маблағи 513 сомониро ташкил медод, имсол дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 591 сомонӣ мешавад ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ аз 358 сомонӣ ба 412 сомонӣ дар соли 2026 баробар мегардад.
Дар асоси таҳлили коршиносони соҳа, зиёд гардидани шумораи нафақагирон нишондиҳандаи дарозумрӣ дар мамлакат мебошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд, «аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».
Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст. Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус барои пиронсолон мебошад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз индексатсия (зиёд) карда мешаванд. Дар баробари ин, аз ҳамин сана ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо ба 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки барои оилаҳои ятимону ниёзмандон низ такягоҳи иловагист. Ҳамасола таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ятимону маъюбон афзуда, сатҳу сифати зиндагии онҳо рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.
Дар асоси ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон андозаи кумакпулӣ ва нафақа ба ятимону маъюбон вобаста ба намуди нафақа ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад ва маблағи миёнаи он тақрибан 355–366 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Тибқи меъёрҳо, нафақаи гум кардани сарпараст ва ятимӣ бар асоси фоизи муайяни нафақаи ҳадди ақалл ҳисоб карда мешавад, ки барои ятимони кулл маблағи бештар пешбинӣ шудааст.
Муассисаҳо, мактаб-интернатҳо ва таълими ятимон
Бо дастури Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон марҳала ба марҳала таҳким бахшида шуд, сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода шуданд. Маҳз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимии навъи мактаб-интернат ва хона-интернатҳо ва ҷалби кӯдакон ба онҳо афзоиш ёфт.
Шумораи муассисаҳои махсусгардонида барои кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуди ҷисмониву равонӣ ба маротиб зиёд карда шуд. Инчунин бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати дар муҳити оила тарбия кардани кӯдакони ятиму бепарастор ва таҳсили минбаъдаи онҳо дар мактабҳои умумӣ ва олии касбӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, доир ба сода гардонидани низоми фарзандхонӣ тадбирҳо андешида шуданд.
Давлат дар доираи консепсия ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтан ва таъмин намудани шароити мусоиди зист ба ятимону бепарасторон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз соли 2008 инҷониб раванди расонидани кумакҳоро ба мактаб-интернатҳо таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Ҳамасола ятимон ва онҳое, ки падар ва ё модар надоранду мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактаб-интернатҳоро хатм карданд, ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, пурра таҳти ғамхории давлат қарор дода мешаванд.
Имрӯз дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 100 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд.
Дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз қабили хонаҳои кӯдакони маъюб, беморхонаҳо барои маъюбони куҳансол ва мактаб-интернатҳои маъюбон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб-интернат, аз ин ҳисоб 22 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим вуҷуд доранд, ки таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат амал менамоянд.
Ҳамасола ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон ва таъмини муҳити дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби сохторҳои масъули давлатӣ низ корҳои муайян анҷом дода мешаванд.
Бо мақсади иҷрои уҳдадории давлат дар назди шаҳрвандон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (соли 2022) ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки барои бунёди се мактаб-интернати президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд. Ин иқдоми Сарвари давлат ба таълиму тарбияи кӯдакони ятими кулл равона гардида, дар натиҷаи иҷрои ҳадафи мазкур ҳар кӯдаки ятим дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи комил фаро гирифта мешавад.
Президенти Тоҷикистон ба сифат ва шароити муассисаҳои мазкур аҳаммияти махсус зоҳир намуда, дар идомаи иқдомашон таъкид намуданд, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ сохта, ба истифода додани ин мактабҳо Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шуданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Сарвари давлат ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 зимни вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони 9 мактаб-интернат барои маъюбон ва ятимони кишвар, ки дар Мактаби байналмилалии президентӣ доир гардид, гуфта буданд: «Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камол расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша роҳнамоӣ менамояд».
Ҳамоиши «Пешвои миллат — ғамхори ятимон»
Аз соли 2018 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии маънавию моддии ятимону бепарасторон аз тарафи кумита ва шуъбаҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоиши «Пешвои миллат – ғамхори ятимон» баргузор карда мешавад, ки дар он кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммонда даъват гардида, бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ руҳбаланд ва хотирашон шод гардонида мешавад. Ин амали шоиставу арзандаи Пешвои миллат қалби садҳо нафар ятимону бепарасторонро шод ва шуълаи зиндагиро дар қалби онҳо афрӯхта, умедро ба ояндаи дурахшон дар сиришташон ҷой мекунад.
Дар маҷмуъ Сарвари давлат масъалаи ҳифзи иҷтимоии ин табақаи ниёзмандро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода, пайваста таъкид мекунанд, ки ятимону маъюбон ҳеҷ гоҳ бе таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ намемонанд.
Ба ин тартиб, ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон доимо дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, расонидани кумакҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба ин табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ барои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вазифаи имонию виҷдонӣ аст.
Таърих гувоҳ аст, ки бузургии як давлатро на танҳо баландии биноҳояш ва на рақамҳои иқтисодиаш, балки гармии дасте муайян мекунад, ки сари ятимеро сила менамояд. Аз ин рӯ, ибораи «Пешвои ятимпарвар», ки халқ офаридааст, на унвони расмӣ, балки баҳои баландтарини мардумист – баҳое, ки на бо фармон дода мешавад ва на бо фармон гирифта. То замоне, ки дар ин сарзамин ҳатто як кӯдак низ худро танҳо ҳис накунад, ин ном бар сари забонҳо хоҳад буд.
Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст; бо тағйиру иловаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016. — Моддаҳои 34 ва 39.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015, №1196 (бо тағйиру иловаҳои минбаъда).
- Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бобҳои марбут ба васоят, парасторӣ ва фарзандхондӣ).
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаҳои марбут ба имтиёзҳои кӯдакони ятим ва бепарастор).
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», моддаи 51 (индексатсияи нафақаҳо).
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани квотаи президентӣ барои таҳсили ҷавонони минтақаҳои дурдаст, соли 1997.
- Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989. Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 1993 ба он ҳамроҳ шудааст. — Моддаҳои 3, 20, 27.
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948. — Моддаи 25.
- Паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 26 декабри соли 2019. — КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. — 47 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 26 январи соли 2021. — КВД КТН «Шарқи озод». — 43 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 21 декабри соли 2021. — КВД КТН «Шарқи озод». — 45 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 23 декабри соли 2022. — КВД КТН «Шарқи озод». — 46 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 28 декабри соли 2023. — КВД КТН «Шарқи озод». — 43 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 28 декабри соли 2024. — КВД КТН «Шарқи озод». — 37 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». — Душанбе, 16 декабри соли 2025. — КВД КТН «Шарқи озод». — 47 с.
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат. — Душанбе, соли 2024. — Реҷаи дастрасӣ: president.tj
Сарчашмаҳои динию фалсафӣ ва адабӣ
- Қуръони маҷид: сураҳои Бақара (2:220), Нисо (4:2, 4:10, 4:36), Инсон (76:8), Балад (90:14–16), Зуҳо (93:6, 93:9), Моъун (107:1–3).
- Саҳеҳи Бухорӣ. Китоби «Ал-адаб», боби фазилати парастории ятим; Сунани Ибни Моҷа, боби ҳуқуқи ятим.
- Китоби Муқаддас: Хуруҷ, 22:22; Сифри Такрори Шариат, 10:18; 24:17; 27:19; Ишаъё, 1:17; Забур, 67:6 (68:5); Номаи Яъқуб, 1:27.
- Авасто. Куҳантарин сурудҳо ва матнҳо / Тарҷумаи Ҷалили Дӯстхоҳ. — Душанбе, инчунин осори паҳлавии «Минуи хирад» ва «Андарзи Озарбади Меҳраспандон».
- Сутта-нипата, 1:8 («Каранийа Метта-сутта»); Ригведа, мандалаи 10, суруди 117.
- Лиҷӣ («Китоби расму оин»), боби «Ли Юн» — тавсифи ҷомеаи «Ваҳдати бузург».
- Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. Осори мунтахаб. — Байти «Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро…».
- Захираҳои оморӣ ва иттилоотӣ
- Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 феврали соли 2026 (маълумот дар бораи шумораи нафақагирон, ятимони кулл ва нимятимон). — АМИТ «Ховар». — Реҷаи дастрасӣ: khovar.tj
- «Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст». — АМИТ «Ховар», 16 январи соли 2026. — реҷаи дастрасӣ: khovar.tj
- Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи индексатсияи нафақаҳо ва ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 сентябри соли 2026. — АМИТ «Ховар», январи соли 2026.
- Сомонаи расмии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. — реҷаи дастрасӣ: https://nafaka.tj
- Сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. — реҷаи дастрасӣ: https://maorif.tj
- Сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Реҷаи дастрасӣ: https://stat.tj
- Сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — реҷаи дастрасӣ: https://moh.tj
- Махзани ягонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ). — реҷаи дастрасӣ: https://mmk.tj
- Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — реҷаи дастрасӣ: https://mvd.tj
- Саҳифаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Facebook: Эмомалӣ Раҳмон — Emomali Rahmon.
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. — реҷаи дастрасӣ: https://president.tj
[1] «Панднома» — асари машҳури манзумаи ахлоқӣ ва таълимии шоир ва орифи бузурги форсу тоҷик Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ мебошад, ки бо забони соддаву равон пандҳои арзишманди динӣ, иҷтимоӣ ва инсониро баён мекунад.








ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ — ДАСТОВАРДИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд






