Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид

Август 20, 2026 15:26

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва густариши ҳамкорӣ 19 август дар мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо зарурати такмили инфрасохтори таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълим, таҷҳизонидани муассисаҳо бо технология ва таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимиро иброз намуданд.

Ҳамчунин масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи муосири бозори меҳнат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки рақобатпазирии хатмкунандагон, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва мутобиқ будани ихтисосҳои омӯхташуда ба талаботи иқтисоди муосир вобаста мебошад. Дар ин раванд ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими заминаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва такмили малакаҳои омӯзгорону устоҳои таълимӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар мулоқот мусоҳибон зарурати таҳияи пешниҳодҳои мушаххас, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият ва идомаи муколамаи мунтазамро таъкид карданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2026 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид