Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 август ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти ин минтақа.
Зимни мулоқоти роҳбарияти минтақа бо сармоягузорон ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ду ҷумҳурии бо ҳам дӯсту ҳамзабон барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ба меҳмонон оид ба имконияти васеи сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки истеҳсолӣ, шароити мусоиди соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва иқтидори истеҳсолию содиротии минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳайати сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолӣ ва инфрасохтории Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуда, барои баррасии самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманд ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






