Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Август 24, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамгиро намудани равишҳои гендерӣ ба сиёсати миллӣ ва фаъолияти амалӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ дар машварате, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар машварат, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, ташкилоти шарик оид ба рушд ва коршиносони мустақил иштирок намуданд, ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳуҷҷати роҳнамо дар доираи ташаббуси глобалии «Суръатбахшии тағйироти низомӣ ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ тавассути стратегияҳо ва нақшаҳои миллии амал оид ба гуногунии биологӣ» таҳия гардида, самти алоҳидаи муҳокимаи нишондиҳандаҳои гендерӣ оид ба вазифаҳои навшудаи Стратегияи миллӣ ва «Нақшаи амали Тоҷикистон оид ба гуногунии биологӣ то соли 2040»-ро дар бар мегирад.

Машварати мазкур ба баррасӣ ва имзои нақшавии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти махсус мебахшад. Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории институтсионалии ду сохтор ва фароҳам овардани замина барои фаъолияти муштараки мунтазам ва низомманд дар самти ҳамгироии масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар натиҷа пешниҳодҳои мувофиқашуда оид ба такмили Харитаи роҳ таҳия гардида, нишондиҳандаҳои пешакии гендерӣ доир ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ муайян карда шаванд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкории институтсионалӣ замина гузошта шавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 24, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд