ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 14, 2026 08:00

14 августи соли 2007 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмуи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

14 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.

***

14 августи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

14 АВГУСТ:

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи яхмоси мевагӣ.

***

Дар Полша – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика.

***

 Дар Покистон – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

14 августи соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомона имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Президенти Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ пешниҳод менамояд.

***

14 августи соли 2020 дар Душанбе дурнамои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар натиҷаи марҳилаҳои интихобӣ дар Русия ва ҳашт давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироккунандагони ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ муайян гардиданд, ки дар байни онҳо хонандаи синфи 10 Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1848 дар Канада амали санади расмӣ, ки  забони англисиро ҳамчун ягона забони давлатӣ дар кишвар муқаррар карда буд, қатъ карда шуд.

***

Соли 1893 дар Фаронса ба ронандагон бе супоридани имтиҳон додани ҳуҷҷати ронандагӣ  манъ карда шуд.

***

Соли 1908 дар шаҳри Фолкстони Англия аввалин маротиба озмуни байналмилалии зебоӣ баргузор гардид.

***

Соли 1936 аввалин маротиба ба рӯйхати  Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баскетбол ворид карда шуд.

***

Соли 1986 дар Амстердам расми аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон гузошта шуд, ки 8 ҳазору 586 метри мураббаъро ташкил дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Насруллоҳи Асадулло-соли 1945- рӯзноманигор, нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988).

Август 14, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, шанбе, 220-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, ҷумъа, 219-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, панҷшанбе, 218-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, чоршанбе, 217-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, сешанбе, 216-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, душанбе, 215-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, якшанбе, 214-умин рӯзи соли 2026 аст