ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст

Август 22, 2026 08:00

22 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод бинои Қасри фарҳанг ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди истифода қарор дода, бо сокинони ноҳия мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шинос шуданд.

***

22 августи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баррасӣ гардиданд.

***

22 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

22 АВГУСТ:

Дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

22 августи соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони  Сафина» таъсис дода шуд.

***

22 августи соли 2011 байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

 22 августи соли 2016 ба муносибати оғози 75-умин мавсими театрӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.

***

22 августи соли 2022 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, аъзои Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1932  «Би-Би-Си» нахустин бор  пахши санҷишии телевизионашро амалӣ намуд.

***

Соли 1944 дар муассисаҳои таҳсилотии Ҷопон машғулиятҳо манъ карда шуда, кӯдакон ба фабрикаю заводҳо ҷалб гардиданд.

***

Соли 1984  варзишгардухтари  амрикоӣ  Эвелин Эшфорд барои давидан ба масофаи 100 метр дар 10,76 сония байни занон рекорд гузошт.

***

Соли 1989 дар Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.

***

Соли 1991 парчами таърихии серангаи Русия барқарор карда шуд.

***

Соли 2001 дар Пекин Бозиҳои 21-уми байналмилалӣ байни донишҷӯён баргузор гардиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдусаттор Нуралиев, соли 1941 — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии мактабҳои олии касбии Федератсияи Русия (2011).

Август 22, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст