ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд

Август 20, 2026 14:52

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот, эҷоди фазои эътимод ва рушди ҳамкории байналмилалӣ аҳаммияти хосса доранд. Тибқи  қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, солҳои 2027–2036 «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон карда шуд. Дар қатънома зарурати таҳкими сулҳ, густариши муколама, оштӣ, ҳамбастагии байнинаслӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии осоиштаи наслҳои оянда таъкид гардидааст.

— Қабули чунин ҳуҷҷати муҳимми байналмилалӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти бузурги сиёсӣ, дипломатӣ ва таърихӣ дорад, зеро ташаббуси Тоҷикистон аз таҷрибаи миллии кишвар дар роҳи барқарор намудани сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ сарчашма мегирад. Таҷрибаи сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати хориҷии давлат дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Сулҳ имконият дод, ки халқи тоҷик дар фазои эътимод, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва амният зиндагӣ намоянд.

Барои Тоҷикистон мафҳуми сулҳ дорои маънои махсус мебошад, зеро мардуми мамлакат дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ оқибатҳои вазнини низоъҳои дохилиро аз сар гузаронидаанд. Ин таҷриба нишон дод, ки нооромии сиёсӣ метавонад ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инфрасохтор ва дигар самтҳои ҳаёти давлатро бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ созад.

Бо назардошти ҳамин воқеияти таърихӣ сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва омили асосии рушди устувор пазируфта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навин ва самтҳои муҳимми давлатсозӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ нақши босазо доранд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳатто дар ҳолатҳои мураккаби сиёсӣ низ роҳи муколама, гуфтушунид ва созиш метавонад бар муқобили зӯроварӣ ва муқовимат натиҷаи устувор ба бор оварад. Маҳз ҳамин таҷрибаи миллӣ имрӯз барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳоро фаъолона матраҳ намояд.

Сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ идома ёфт. Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ якчанд ташаббуси ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ мавқеи устувор дорад.

Дар ин замина ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Қатъномаи мазкур давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ба пешбурди сулҳ, муколама, оштӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо даъват менамояд.

Дар солҳои истиқлол Тоҷикистон марҳилаи муҳими ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими суботи сиёсиро тай намуд. Имрӯз сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи муҳим фароҳам овардаанд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таҷрибаи муҳимми сулҳофарӣ ва суботи сиёсӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ амнтарин кишвари ҷаҳон маҳсуб мешавад. Меъёрҳои байналмилалии арзёбии амният ва сулҳ, ки ба таври мутлақ аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, чандин сол аст, ки Тоҷикистонро дар сегонаи аввал қарор медиҳанд. Масалан, созмони «Global Safety report» раддабандии кишварҳои амнтарини оламро дар соли 2025 тартиб дод, ки тибқи он Тоҷикистон ба давлати амнтарини дунё табдил ёфт. Тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронида шуд, беш аз 95% аҳолии мамлакат ҳангоми сайругашти шабона худро комилан дар амн эҳсос менамоянд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати  мо ба макони сулҳ, субот ва оромии ҷомеа табдил ёфт. Ҷомеаи байналмилалӣ натиҷаҳои сиёсати муваффақонаи роҳбарияти Тоҷикистонро  дар самти таъмини субот, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Ҷой гирифтани Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки ҳамчун пешсафони ҷаҳонӣ дар самти амнияти ҷамъиятӣ эътироф шудаанд, на танҳо дастоварди сиёсати дохилиро инъикос мекунад, балки ба ташаккули нуфузи мусбати ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити муосир яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ мебошад. Ҷомеаи босавод ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонад бо таҳдидҳои иттилоотӣ, таблиғи экстремизм ва радикализм, паҳншавии идеяҳои ифротӣ ва дигар таъсирҳои манфӣ устувортар мубориза барад.

Аз ин рӯ, рушди маориф, илм, технологияҳои муосир ва тарбияи насли наврасу ҷавони соҳибмаърифат бояд ҳамчун унсури муҳими сиёсати амниятӣ баррасӣ гардад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зарур аст, ки наврасону ҷавонон на танҳо истифодабарандаи технология, балки шахсони дорои тафаккури таҳлилӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги баланди иттилоотӣ бошанд.

Аз ин рӯ, қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» дар шароити имрӯза аҳаммияти махсус дорад. Ин ташаббус аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки сулҳро ҳамчун масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният баррасӣ менамояд. Насли имрӯза бояд чунин заминае барои ояндагон фароҳам созад, ки онҳо дар фазои амн, ором ва созанда зиндагӣ кунанд.

Ҷавонон ба арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми фарҳангҳои гуногун, муколама ва ҳамкорӣ эҳтиром гузоранд, ки  эҳтимоли пайдоиши низоъҳои оянда коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, тарбияи фарҳанги сулҳ бояд аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар ҷомеа, воситаҳои ахбори омма ва фазои маҷозӣ пайваста идома ёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ масъалаи ҳалли осоиштаи мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалиро пайваста дастгирӣ менамояд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳанд, ки кишвари мо масъалаҳои дорои аҳаммияти ҷаҳониро ҳамчун ҷузъи манфиатҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ баррасӣ мекунад.

Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти махсус дорад, зеро суботи минтақавӣ аз ҳамкории давлатҳо дар масъалаҳои марзӣ, об, энергетика, нақлиёт, тиҷорат, мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ вобастагии зиёд дорад. Дар Тоҷикистон пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳо дар шароити сулҳу субот амалӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи сулҳу субот нақши созгор доранд. Таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ барои сиёсати хориҷии мамлакат заминаи муҳим фароҳам оварда, ба ташаккули мавқеи фаъолонаи Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии сулҳ ва амният мусоидат кард.

Тоҷикистон таҷрибаи сулҳофариро ҳамчун намунаи муҳимми барқарорсозии субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд, то ки ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии низоъҳо, рушди муколама, тарбияи фарҳанги сулҳ ва таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо боз ҳам густариш ёбад. Сулҳ мероси ниёгони тоҷикон буда, масъулияти насли имрӯз ва кафолати зиндагии шоистаи наслҳои оянда мебошад. Саҳм гузоштан дар раванди сулҳи ҷаҳонӣ ҳам масъулияти таърихӣ ва ҳам идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон аст.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 20, 2026 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ — ДАСТОВАРДИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид