Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд

Август 21, 2026 14:52

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масъалаи мазкур дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зоҳир гардид.

Дар идомаи мулоқот масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ, аз ҷумла тавассути табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати густариши робитаҳо байни бахшҳои хусусии ду кишвар, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, стартапҳо ва марказҳои инноватсиониро таъкид намуданд. Дар ин самт имконияти ташкили миссияҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки технологӣ, ки метавонанд дар оянда ба рушди шарикиҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд, баррасӣ шуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2026 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст