Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд

Август 13, 2026 09:39

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии хавфҳои иқлимӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо роҳбарони ташкилоти байналмилалӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар вохӯрӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии хавфҳои иқлимӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Санад байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Маркази минтақавии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба имзо расид.

Таъкид шуд, ки тағйирёбии иқлим ва афзоиши хавфи зуҳуроти табиии хатарнок дар мамлакатҳо тақвияти ҳамкории минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи чораҳои муштаракро тақозо менамояд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 13, 2026 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд