16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст

Сентябрь 16, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 2022 16 сентябр Рӯзи байналмилалии кардиологияи интервенсионӣ ҳисобида мешавад. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи бемориҳои дилу раг, усулҳои табобати камҷарроҳӣ ва пешгирии мушкилоти марбут ба дил мебошад.

Бемориҳои дилу раг як гурӯҳи касалиҳое мебошанд, ки ба дил ва системаи рагҳои хунгард таъсир мерасонанд. Ин бемориҳо яке аз сабабҳои асосии фавт дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Намудҳои асосии бемориҳои дилу раг- ин бемории ишемияи дил, гипертония (фишори баланди хун), инсулт (сактаи мағзи сар), аритмия, норасоии кори дил ва нуқсонҳои модарзодии дил мебошанд.

Мутахассисон иброз медоранд, ки аломатҳо вобаста ба намуди беморӣ фарқ мекунанд, аммо нишонаҳои асосӣ- ин дард ё фишор дар қафаси сина (махсусан ҳангоми ҳаракат), нафастангӣ ва норасоии ҳаво, таппиши тез-тез ва номунтазами дил, сарчархзанӣ, беҳолӣ ва варам кардани пойҳо мебошад.

Ба иттилои мутахассисони дилшинос, омили гирифтор шудани инсонҳо ба ин бемориҳо камшавии фаъолияти ҷисмонӣ, истеъмоли тамоку ва машрубот, истеъмоли зиёди намак, равғанҳои ҳайвонот ва шакар, сатҳи баланди холестерин, вазни зиёдатии бадан, стресси давомдор ва асабонияти зиёд аст.

Дар замони муосир ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу раг бо истифода аз технологияҳо ва ҷарроҳиҳои муосири интервенсионӣ (бе буриши калон) ба куллӣ тағйир ёфтааст. Кардиологияи интервенсионӣ — ин бахши муосир ва хеле пешрафтаи тиб мебошад, ки бемориҳои дилу рагро бе ҷарроҳии кушод ва бе буридани қафаси сина табобат мекунад. Яъне ба ҷои буриши калон тамоми амалиёт тавассути як сӯрохии хурд дар раги хунгарди даст ё по гузаронида мешавад. Тавассути ин сурохӣ найчаҳои борики чандир, ки катетер ном доранд, дар зери назорати рентген мустақим ба даруни дил ё рагҳои он бурда мешаванд.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар дилу рагҳо 1437 амалиёти ҷарроҳӣ, аз он 580 адад дар дил ва 857 адад дар рагҳои хунгард гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2025 (1282 ҷарроҳӣ) 155 адад зиёд мебошад.

«Шумораи амалиёти ангиографияи гузаронида 1743 адад ва амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ 865-ададиро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2025 (2236 ва 1241) мутаносибан 493 адад ва 376 адад кам мебошад»,-гуфт Саломуддин Юсуфӣ.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нимсолаи якуми соли равон дар Марказ 3817 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин давра 899 амалиёт дар дил ва рагҳои хунгард бо роҳи эндоваскулярӣ гузаронида шуд, ки аз ин 307 ҳолатро стентгузорӣ ташкил медиҳад. Бо усули эндоваскулярӣ, коронарография ва стентгузории таъҷилӣ ба беморони гирифтори синдроми шадиди коронарӣ ва сактаи дил ба таври шабонарӯзӣ хизмат расонида мешавад.

Ба таъкиди мутахассисон, стенткунонӣ (ангиопластикаи коронарӣ) амалиётест, ки агар раги дил аз ҳисоби холестерин танг ё баста шуда бошад, як тӯри хурди филизӣ бо номи стент гузошта мешавад. Он рагро кушода нигоҳ медорад ва ҷараёни хунро барқарор мекунад. Ин усули асосии наҷоти одамон ҳангоми инфаркти шадиди дил аст.

Дар айни замон амалиёт одатан ҳангоми беҳиссиёт намудани беморон гузаронида мешавад ва бемор давоми амалиёти ҷарроҳӣ ҳушёр аст. Бемор метавонад аллакай рӯзи дигар аз ҷояш хезад ва пас аз 2-3 рӯз ба хона ва реҷаи муқаррарии ҳаёт баргардад. Дар бадан ҳеҷ гуна ҷароҳати калон намемонад, танҳо як нуқтаи хурди сӯзан боқӣ мемонад, ки он ҳам зуд аз байн меравад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 16, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид