35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва созандагиро оғоз бахшид. Дар ин давра, бахусус дар шаҳри Душанбе корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ гардида, симои пойтахт ба таври куллӣ тағйир ёфт. Имрӯз Душанбе бо биноҳои муҳташами маъмурӣ, марказҳои фарҳангиву илмӣ, муассисаҳои муосири иҷтимоӣ, иншооти варзишӣ, боғҳои зебо ва роҳу пулҳои нав чеҳраи хоси меъмории миллӣ ва муосирро касб кардааст. Дар робита ба ин 35 иншооти муҳим ҳамчун намунаи раванди созандагии даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ мегарданд.
Қасри миллат
Қасри миллат яке аз муҳимтарин биноҳои давлатӣ буда, дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ки рамзи давлатдории муосири Тоҷикистонро ифода мекунад. Ин маҷмаа барои баргузории мулоқотҳои сатҳи баланд, чорабиниҳои давлатӣ ва қабули меҳмонони олимақом истифода мешавад. Ҷойгиршавии он дар маркази пойтахт ба симои меъмории шаҳри Душанбе шукуҳи хос бахшидааст. Қасри миллат соли 2016 дар шаҳри Спрингфилди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барандаи ҷоизаи «Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чӯбӣ» ва аз рӯи ороиши меъморӣ дар рӯйхати «10 қасри бошукуҳи президентӣ»-и сомонаи Theestle.Net мақоми дуюм (баъди Кохи Сафед, Вашингтон, ИМА)-ро касб кардааст.
Бинои Парлумон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд карда шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.
Намои бино бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос ва нақшу нигор мувофиқ бунёд гардидааст. Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода шудааст.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат ва гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд шудааст.
Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат ҳуҷраҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату сохторҳои зертобеи он, толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта шудаанд. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.
Китобхонаи миллӣ яке аз бузургтарин марказҳои илму маърифат ва фарҳанги мамлакат мебошад. Бинои нави он дар даврони истиқлол бунёд шуда, барои нигоҳдорӣ ва истифодаи захираи бузурги китоб пешбинӣ шудааст. Дар он толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб ва дигар бахшҳои соҳавӣ фаъолият мекунанд. Манбаъҳои расмӣ аз бунёди бинои Китобхонаи миллӣ барои нигоҳдории то 10 миллион нусха китоб ёд мекунанд. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб, дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳою чопхона мебошад.
Осорхонаи миллӣ яке аз муҳимтарин марказҳои ҳифзу муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Дар он намунаҳои нодири мероси моддии халқи тоҷик ҷамъоварӣ ва ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Иншоот дар қатори дигар биноҳои бузурги даврони истиқлол ба симои нави пойтахт зебоӣ бахшидааст.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд.
Кохи Наврӯз аз ҷумлаи иншооти барҷастаи фарҳангӣ ва меъмории Душанбе мебошад. Дар тарҳи он унсурҳои санъати миллӣ, нақшу нигор ва ҳунарҳои мардумӣ бо меъмории муосир омезиш ёфтаанд. Кох барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва мулоқотҳои сатҳи баланд истифода мешавад. Бунёди он аз дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони истиқлол дониста мешавад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кохи мазкур, ки дар офаридани он 4000 усто аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон меҳнат карда, саҳми арзанда гузоштаанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. «Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ ба кох ҳашамати зиёд зам намудаанд. Бинои «Кохи Наврӯз» бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тоҷик мебошад.
21 июни соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ба муносибати Рузи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ муаррифӣ карда шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд «Кохи Наврӯз» ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд.
Яке аз иншооти муҳташам ва сайёҳии пойтахти мамлакат Майдони Истиқлол мебошад. Ин иншоот 8 сентябри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Майдони Истиқлол бо тарҳи сохтмон ва намои зоҳирӣ дар минтақа беназир буда, ҳадафи асосии бунёди он ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон ва тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.
Майдони Истиқлол яке аз бузургтарин маҷмааҳои шаҳрии Душанбе мебошад. Масоҳати умумии он 30 гектар буда, дар тарҳи он минбар, дарвозаҳо, фаввораҳо, шаршара, гулгаштҳо, ҳавзҳои ороишӣ ва дигар унсурҳои шаҳрсозӣ ҷой доранд.
Дар маркази боғи «Истиқлол» маҷмааи боҳашамати «Манораи Истиқлол» қомат афрохтааст. Баландии умумии маҷмаа 121 метрро дар бар мегирад. Баландии қисмати поёни маҷмаа 30 метр буда, ифодагари 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Баландии қисмати болоии маҷмаа 91 метр буда, санаи таърихии соли 1991 ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ифода мекунад. Дар сақфи Манора тоҷ ҷойгир аст, ки мустақил, соҳибтамаддун ва соҳибистиқлол будани тоҷиконро ифода мекунад. Пояи маҷмаа шакли ҳарамро дошта, аз ҳафт дарвозаи кандакорӣ иборат аст. Атрофи манораро ҳафт фаввораи ранга иҳота ва ба он ҳусни таровати бештар зам мекунанд. Ин маҷмаа яке аз рамзҳои муҳими соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар пойтахт ба ҳисоб меравад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчами давлатии Тоҷикистон дар Душанбе ба яке аз рамзҳои шинохтаи пойтахт табдил ёфтааст. Баландии парчам 165 метр буда, он дар замони бунёдаш яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт ва дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт шудааст.
Боғи Парчам бо муҳити сабз, гулгаштҳо ва иншооти истироҳатию фарҳангӣ яке аз мавзеъҳои маъруфи Душанбе мебошад. Он дар якҷоягӣ бо Парчами давлатӣ ба яке аз ҷойҳои ҷолиби сайёҳӣ ва истироҳатии пойтахт табдил ёфтааст. Боғ соли 2012 бунёд шуда, масоҳати он 16,68 гектар аст. Боғ бо тарроҳӣ ва меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои шаҳр фарқ мекунад. Боғ ду дарвозаи мунаққаш дорад − яке аз самти «Қасри миллат» ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Маркази боғро Парчами миллӣ (баландиаш 165 метр) оро медиҳад. Дар ҳошияи Парчами миллӣ кӯли бузургест, ки дар миёнҷояш буфету қаҳвахона дорад ва дар соҳилаш 10 қаиқча ба ҳавасмандони шиноварӣ хизмат мерасонанд.
6 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 1100 — солагии ҷашни Давлати Сомониён ёдгории меъмории «Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ва Муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода супорида шуд.
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба хотири гиромидошти таърихи давлатдории тоҷикон бунёд гардидааст. Он ба яке аз рамзҳои муҳими шаҳри Душанбе табдил ёфта, бо майдон ва унсурҳои меъмории миллӣ ҳамоҳангии хос дорад. Дар осори муаррифи таърихи навини Душанбе ин маҷмаа аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ифода мешавад.
Варзишгоҳи нави миллӣ яке аз бузургтарин иншооти варзишии Душанбе мебошад. Он дар 9,5 гектар бунёд шуда, дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст. Варзишгоҳ 21 августи соли 2026 ба истифода дода шуд ва туҳфаи муҳими ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна – ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯизаминӣ иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад. Театри миллӣ дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст. Толоре, ки метавонад ҳазорон нафарро дар як вақт ба олами сеҳрангези санъати меъмориву шаҳрсозии тоҷикон ворид созад.
Саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд. Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо назардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст.
Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидаанд. Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст дошта, толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст.
«Кохи Сомон» соли 2006 ба истифода дода шуда, ба рӯйхати ёдгориҳои меъмории шаҳри Душанбе ворид шудааст. Он чорошёна буда, дар намуди чортоқи гунбазӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати умумияш 3795 метри мураббаъ, дарозӣ 95 м, баландияш 40 м, баландии гунбад 29 метр мебошад. «Кохи Сомон» аз таҳхона, 8 толори хурду бузург, 5 ҳуҷраи машварат, 2 толори нишасти матбуотӣ, маркази интернет, 10 ҳуҷраи тарҷумонҳо, 3 хонаи бузурги панҷситорадор, амфитеатр (556 ҷои нишаст), мизи мудаввар, тарабхона, қаҳвахона (масоҳат 1000 м²) иборат аст. Намои дарунии «Кохи Сомон» бо сангҳои хоро, мармар, деворнигораҳо, санъати наққошӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ ва тиллокорӣ оро дода шудааст. Саҳни берунии «Кохи Сомон» бо сабки суннатӣ ва муосири бунёди кохҳои боғии берунишаҳрӣ тазйин шуда, барои фароғату истироҳат фаввораҳои рангаи хурду бузург, гулзор ва дарахтони гуногун дорад. Дар «Кохи Сомон» тадбирҳои муҳимми давлатӣ (дохилию байналмилалӣ), аз ҷумла маросими савганди президент ва дигар тадорукоти сиёсию фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Масҷиди марказии шаҳри Душанбе
Масҷиди марказии шаҳр яке аз иншооти бузурги динӣ ва меъмории пойтахт мебошад. Он бо тарҳи муҳташам ва ороиши миллӣ симои маркази шаҳрро ғанӣ гардонидааст.
Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ 18 444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14 000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ пӯшонида шуда, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.
Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ
Ин маҷмаа барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар он барои машқу тамрини варзишгарон ва баргузории мусобиқаҳо шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Иншоот дар хатсайрҳои сайёҳии Душанбе низ ҳамчун яке аз мавзеъҳои муосири шаҳр муаррифӣ мешавад.
«Боғи устод Рӯдакӣ» соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуда, ба истироҳатгоҳи сарсабз мубаддал гардидааст. «Боғи устод Рӯдакӣ» дорои зиёда аз 1800 бех дарахтони ороишӣ, зиёда аз 4105 метри мураббаъ гулгаштҳо, 8661 метри мураббаъ чаманзор, 42667 метри мураббаъ роҳраву ҷодаҳо мебошад. Дар маркази боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ ва мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд. Дар боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора бунёд шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.
Ду эстакада дар ноҳияи Синои пойтахт бунёд карда шудааст, ки яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётии пойтахт мебошад. Онҳо ба беҳтар намудани ҳаракати нақлиёт ва танзими ҷараёни мошинҳо дар чорроҳаҳои серодам мусоидат мекунанд. Эстакадаҳои Душанбе аз ҷумлаи дигаргуниҳое мебошанд, ки симои шаҳрро дар даврони истиқлол тағйир додаанд.

Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ҷумлаи иншооти бузурги тиббии Душанбе мебошад. Он бо имконияти ташхису табобати муосир сохта шуда, барои қабули беморон ва расонидани хизмати тиббӣ шароити васеъ фароҳам меорад. Маркази муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна буда, дар онҳо тамоми шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст.
Дар марказ 620 номгӯй таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудаанд.
Дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.
Инчунин дар ин ҷо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра омодаи хизмат аст. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб шуда, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

Бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои вазорат 15 марти соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Дар он хусусияти меъмории аврупоӣ ва шарқӣ бо ҳам омезиш ёфта, дастовардҳои санъати миллии меъморӣ низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бино дорои 138 утоқи корӣ, маҷлисгоҳи калон, 12 толор, аз ҷумла барои музокироту нишастҳои матбуотӣ, машваратхонаҳои ошёнавӣ, утоқҳои қабули меҳмонон, китобхона ва ошхона буда, дар маҷмуъ барои фаъолияти 300 корманд шароити мусоиди замонавиро фароҳам месозад.
Ҳамин тариқ, ин 35 иншоот танҳо як қисми дастовардҳои бузурги шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Муҳим он аст, ки ин иншоот дар баробари зебоӣ бахшидан ба ҳусни шаҳр инчунин барои рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ, иқтисод ва нақлиёт замина фароҳам овардаанд.

Бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи бинои нави Вазорати молия таваққуфгоҳ барои мошинҳо, ҳуҷраҳои техникии системаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар бино ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраю утоқҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои зертобеи Вазорати молия ҷойгир карда шудаанд. Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имконияти дигари бинои нави Вазорати молия мебошад, ки ҳамагӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.

Бинои нави Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳиби бинои наву замонавӣ гардид. Бинои нави вазорат дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст.
Вазорат дар ду бинои нав, ки яке 13 ва дигаре аз 11 ошёна иборат аст, ҷойгир карда шудааст. Дар ҳарду бино 239 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои корию санитарӣ, толорҳои хурди маҷлисгоҳ, толори калони маҷлисгоҳ, ошхона ва ҳуҷраи техникӣ ҷойгир карда шуда, иншоот дар 6, 76 гектар бунёд гардидааст.

Бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.
Бино дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳама ҳуҷраҳо тибқи стандарт ҷиҳозонида шудаанд. Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт мавҷуд аст.
Намои зоҳирии иншоот бо истифода аз тахтасангҳои хоро ва мармар ороиш ёфта, намои бино бо истифода аз унсурҳои миллию санъати баланди меъмории муосир ва бо услуби хоси нақшу нигори тоҷикӣ зинат дода шудааст.

Бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои 1-ум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои маҷлисӣ, машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва мисли инҳо ҷойгир карда шудаанд.
Дар маҷмуъ дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст, аз ҷумла толори калони маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, толори хурди маҷлисӣ барои 140 нафар ва 7 толори машваратӣ ҳар кадом бо 40 ҷой омода аст.

Бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иншоот аз 13 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, якчанд маркази тиббию тандурустии ҷумҳуриявӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори вазорат, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир шудаанд.

Бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои фаъолияти кормандон аст.
Дар он толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад. Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Масоҳати умумии бинои сохташуда 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз биноҳои 7 ва 2- ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат аст.

Бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои кумита моҳи сентябри соли 2026 ифтитоҳ ёфт. Бино аз 11 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар зерсохтори Кумита ҷойгир карда шудаанд.
Дар бинои мазкур 61 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 98 ҷой, ошхона барои 40 нафар, китобхона, ду толори машваратӣ, таҳхонаи дуқабата барои нақлиёти хизматӣ мавҷуд мебошад.
Бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2024 оғоз ёфта, фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати сохтмонии Бинокорон» мебошад.

Бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид. Бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда барои фаъолияти пурмаҳсули кормандон заминаи мусоид мегузорад.
Гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамоянд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шуравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳо дар осорхона мебошанд.

Бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.
Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Толори бошукуҳу барҳавои маҷлис 7 ҳазору 437 метри мураббаъ масоҳат дорад. Он бо санъати гаҷкорӣ ва нақшу нигори миллӣ ба таври зебо ороиш ёфта, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои илмию сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бисёр мувофиқ аст.
Масоҳати толори хониши электронӣ 291 метри мураббаъ буда, дорои 80 ҷойи нишаст мебошад, ки барои донишҷӯён ҷиҳати аз бар намудани илму дониши муосири тиббӣ мувофиқ мебошад.
Дар ошёнаҳои аз як то сеюм ҳуҷраҳои маъмурӣ, аз ҷумла раёсати рушди кадрӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази омӯзиши симулиятсионӣ ва факултетҳо, ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва дигар шароити муосири корӣ муҳайё мебошанд.
Дар ошёнаҳои аз 4 то 9-ум 6 кафедра ҷойгир карда шудаанд, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳи замонавӣ иборат мебошанд. Кафедраи биохимия, ки дар ошёнаи 4-ум ҷойгир аст, дорои шароити муосири гузаронидани озмоишҳои кимиёвӣ аст, ки ҳангоми гузаронидани машғулият васеъ истифода мегардад.
Дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст. Марказ дар ошёнаи якуми бинои нав ҷойгир буда, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз аст.

Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон
Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи мамлакат мутобиқ ба анъанаҳои меъморию фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басе зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии мамлакат ба ҳисоб мераванд. Бинои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки соли 1991, дар замони эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дар омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки барои рушди иқтисоди миллӣ заруранд, нақши калидӣ мебозад. Аз лаҳзаи таъсис донишгоҳ бо суръат рушд намуда, сохтори худро васеъ мекунад ва мавқеяшро ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа мустаҳкам менамояд.
Донишгоҳ унсури муҳимтарини низоми таҳсилоти мамлакат буда, натиҷаҳои сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамояд.
Додани мақоми байналмилалӣ ба донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 қадами муҳими ҳамгироии он ба низоми ҷаҳонии таҳсилот гардид ва аҳамияти онро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, соли 2017 онро ифтитоҳ намуданд.
Марҳилаи аввали ин маҷмаа аз бинои таълимии 8 ошёна барои 1680 курсант, 2 хобгоҳ барои 800 курсант, бинои истиқоматии 6 ошёнаи 48-ҳуҷрадор барои афсарон, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳ барои 50 мошини сабукрав иборат мебошад.
Бинои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисмати А, Б ва В-и ҳампайваст бо таҳхона, бомпӯшҳои ҳамвор ва шервонӣ иборат буда, дорои 8-ошёна мебошад ва масоҳати умумии бино 18 ҳазору 481,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Қисматҳои А ва В-и бинои таълимӣ дорои хазинаи китобхона барои 144400 китоб бо 2 толори хониш барои 35 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо толори тестқабулкунӣ, 2 толори лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси криминалистӣ 1 адад, фаъолияти оперативӣ ҷустуҷуӣ 1 адад, ронандагӣ 1 адад, таҷҳизоти махсус 1 адад, бехатарӣ аз сӯхтор 1 адад, утоқи машварати олимон 1 адад ва синфхонаҳои компютерӣ дар ҳар блоку ошёнаҳо 13 адад мебошанд.
Дар ошёнаҳои 1 ва 2-юми блоки Б-и бино утоқи навбатдорон, утоқҳои проректорон, қабулгоҳ, утоқи кории ректор, толори хурди маҷлис ва қабули меҳмонон ҷойгир мебошад.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати қариб ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст. Бино дорои инфрасохтори мукаммал ва имконияти фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад.

Бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Бинои «Амонатбонк» низ дар давраи истиқлолият бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст.
Дохили иншоот ва утоқҳои корӣ бо назардошти талаботи замони муосиру меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ бунёд ёфта, ҳамчунин бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад. Ба хотири таъмини бехатарӣ бонк бо 300 камераи муосири назоратӣ таъмин буда, ҷараёни фаъолият ва омаду рафт ба таври қатъӣ зери назорат қарор дорад. Дар маҷмуъ 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил гардидааст.

Бинои нави маъмурию таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои нави маъмурию таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудааст. Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм- маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Бинои Академия дорои тарҳи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, аз қисми маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, шунавандагони даврҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, толорҳои варзишу маҷлисгоҳ ва китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ иборат аст.
Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб иборат аст. Он бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардида, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, утоқҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи муҳофизон ҷой гирифтаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






