35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар деҳа бо ташаббуси соҳибкорон, аз ҷумла бародарон Хайриддиновҳо якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида, барои таълиму тарбияи фарзандон ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон имконияти нав фароҳам оварда шудааст.
Бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 17 синфхона иборат аст. Дар он барои омӯзиши фанҳои дақиқу табиӣ, забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо таҷҳизоту воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин буда, барои 60 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё карда шудааст.
Инчунин ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявӣ касбу ҳунар ва малакаҳои амалиро азхуд намоянд. Барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ва барои хонандагон китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ муҳайё гардидааст. Дар муассиса ҳамчунин нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ мавҷуд буда, барои таҳсил, истироҳат ва таъмини саломатии хонандагон шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Ба рушди варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишии масоҳаташ 350 метри мураббаъ бунёд шуда, барои гузаронидани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ, машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ имконияти мусоид фароҳам овардааст. Дар дохили деҳа низ майдончаи футбол сохта шудааст. Иншооти варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди қобилияти ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи муносиб фароҳам меоранд.
Ҳамчунин дар паҳлуи мактаб муассисаи таҳсилоти томактабии «Руҳафзо» бунёд карда шудааст. Кӯдакистон барои фарогирии 80 кӯдак пешбинӣ шуда, дорои ҳуҷраҳои машғулияту хоб, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Муассиса баъди ба истифода додан барои фарогирии бештари кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзгори сокинони деҳа таъмини оби нӯшокӣ буд. То имрӯз аҳолӣ оби нӯшокиро мехарид. Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ дар чор нуқтаи деҳа оби нӯшокӣ дастрас гардида, шароити таъмини сокинон бо оби тоза беҳтар шудааст. Ин иқдом яке аз мушкилоти рӯзмарраи мардумро бартараф намуда, барои сокинон сабукии назаррас ба бор овардааст.
Ҳамзамон барои омӯзгорону мураббиёне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият ба деҳа меоянд, шароити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад сохтмони 20 хонаи истиқоматӣ амалӣ гардида, то имрӯз 17 хона бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардидааст. Ин манзилҳо ба омӯзгорону мураббиён ройгон пешниҳод мегарданд.
Дар самти ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳ низ корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Бо ташаббуси соҳибкор 12 километр роҳ мумфарш гардидааст. Мумфарш намудани роҳҳо ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинонро осон намуда, ба беҳтар гардидани алоқаи деҳа бо дигар маҳалҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон барои равшан намудани кӯчаҳои деҳа симчӯбҳои барқӣ насб гардида, шароити равшанидиҳии кӯчаҳо беҳтар шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






