35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихиву сиёсии миллати тоҷик бо ифтихори миллӣ, руҳияи баланди созандагӣ ва дастовардҳои назаррас истиқбол менамоянд. Аз файзи Истиқлоли давлатӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа руҳи тоза ва неруи созанда ворид гардида, симои шаҳрҳо ҷаззобтар, роҳҳо ободтар, ноҳияҳо дилработар ва деҳаву рустоҳо зебову обод мегарданд.
— Давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф марҳилаҳои гуногуни ташаккул, бозсозӣ ва рушди сифатиро паси сар намуда, тадриҷан ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Агар солҳои нахустини истиқлол, пеш аз ҳама, ба ҳифзи низоми мавҷудаи таълиму тарбия, барқарорсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани сиёсати соҳаи маориф ба шароити нави давлатдорӣ нигаронида шуда бошанд, дар марҳилаҳои минбаъда масъалаҳои такмили заминаҳои ҳуқуқию меъёрӣ, таҳкими иқтидори моддию техникӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди таҳсилоти олӣ, боло бурдани мақоми иҷтимоии омӯзгор, тавсеаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Аз ин лиҳоз, 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маорифро метавон ҳамчун марҳилаи ташаккули низоми миллии маориф арзёбӣ намуд. Дар раванди рушди он унсурҳои устувории институтсионалӣ, мутобиқшавӣ ба талаботи ҷомеаи муосир ва ҳамгироӣ бо равандҳои ҷаҳонии таҳсилот тадриҷан тақвият ёфтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра маориф на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили стратегии рушди сармояи инсонӣ, заминаи таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва кафили рушди устувори ҷомеа пазируфта шуд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, сиёсати давлатӣ дар самти маориф ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули насли дорои ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури таҳлилӣ, малакаҳои касбӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ равона гардид.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими таҳаввулоти соҳаи маориф дар даврони истиқлолро метавон дар рушди инфрасохтори таълимӣ ва такмили муҳити муассисаҳои таълимӣ мушоҳида намуд. Инфрасохтори муосири таълимӣ танҳо маҷмуи биноҳо, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо набуда, балки ҷузъи муҳими низоми таъмини сифати таҳсилот мебошад. Зеро муҳити таълимӣ ба сатҳи дастрасии хонандагону донишҷӯён ба захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои муосир, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва имконияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ таъсир мерасонад.
Дар ин самт таҷрибаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Дар доираи раванди таҳкими заминаҳои моддию техникии донишгоҳ соли 2024 бинои нави таълимии панҷошёнаи факултети забон ва адабиёти рус бунёд гардид. Ҳамзамон, сохтмони бинои нави дуошёна дар Боғи таълимӣ-таҷрибавии «Агробиолабораторӣ»-и дараи Ромит ва анҷом додани корҳои таъмиру таҷдид дар факултетҳои математика, физика, химия ва хобгоҳҳои донишгоҳ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба такмили инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия нигаронида шудаанд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, аҳаммияти чунин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки сифати муҳити таълимӣ бо сифати раванди таълим ва самаранокии фаъолияти касбию илмии омӯзгорону донишҷӯён робитаи мустақим дорад. Муассисаи таҳсилоти олии дорои инфрасохтори муосир имконияти бештареро барои татбиқи усулҳои фаъоли таълим, истифодаи технологияҳои рақамӣ, гузаронидани корҳои озмоишию таҷрибавӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди салоҳияти касбии донишҷӯён фароҳам месозад. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори таълимиро метавон на танҳо натиҷаи сиёсати иҷтимоии давлат, балки сармоягузории стратегӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва касбии насли ҷавон арзёбӣ намуд.
Дар маҷмуъ, таҳлили таҷрибаи 35-солаи рушди маориф нишон медиҳад, ки раванди мазкур аз марҳилаи ҳифзу барқарорсозии низоми таълимӣ ба марҳилаи модернизатсия, сифатан навсозӣ ва рушди устувори низоми миллии маориф гузаштааст. Ин таҳаввулот барои мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи иқтисоди донишбунёд, таҳкими иқтидори илмӣ ва касбии ҷомеа ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Муҳимтар аз ин, оғоз гардидани сохтмони бинои нави 15-ошёна бо 240 ҳуҷра барои омӯзгорон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва роҳбарияти соҳаи маориф ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кормандони соҳа шаҳодат медиҳад. Ин иқдомро метавон ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии соҳаи маориф арзёбӣ намуд, зеро сатҳи зиндагӣ ва шароити иҷтимоии омӯзгор ба фаъолияти касбӣ, ҳавасмандии меҳнатӣ ва дар ниҳоят ба сифати таълиму тарбия таъсири бевосита мерасонад.
Агар дар гузашта фаъолияти омӯзгор асосан бо интиқоли дониш ва назорати азхудкунии маводи таълимӣ маҳдуд мешуд, имрӯз аз ӯ дониши амиқи касбӣ, қобилияти таҳлил, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ, малакаи таҳқиқотӣ ва муносибати эҷодкорона ба раванди таълим тақозо карда мешавад. Омӯзгори муосир бояд на танҳо дониш диҳад, балки қобилияти мустақилона андешидан, таҳлил кардан, масъалагузорӣ намудан ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилотро дар замири хонандаву донишҷӯ ташаккул диҳад.
Аз ин рӯ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгор яке аз шартҳои муҳими рушди устувори низоми маориф ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли охир музди меҳнати омӯзгорон аз ҳисоби буҷети давлатӣ се маротиба зиёд гардидааст. Илова бар ин, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус музди меҳнати омӯзгоронро ду маротиба ба андозаи 10 фоиз зиёд намуд.
Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф тадриҷан аз масъалаҳои танҳо таълимӣ берун рафта, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии фаъолияти омӯзгорро низ фаро мегирад. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти омӯзгор метавонад ба афзоиши ҳавасмандии касбӣ, коҳиши омилҳои боздорандаи рушди фаъолияти педагогӣ ва ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба ин касб мусоидат намояд. Дар маҷмуъ, сармоягузорӣ ба омӯзгор сармоягузорӣ ба сифати таълим, рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ҷомеа мебошад.
Дар шароити муосир рушди касбии омӯзгорон ва мутобиқ намудани салоҳияти онҳо ба талаботи рӯзафзуни низоми таҳсилот тақозо менамояд, ки дар баробари беҳтар намудани сатҳи музди меҳнат, ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ, дастрасӣ ба захираҳои илмӣ ва иттилоотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва иштироки омӯзгорон дар барномаҳои табодули байналмилалии таҷриба барои такмили пайвастаи маҳорати касбии онҳо муҳим мебошад. Аз ин рӯ, маҷмӯи ин тадбирҳо ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати рушди донишгоҳ муайян гардида, мо пайваста барои таҳкими онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди касбии омӯзгорон чораҳои зарурӣ меандешем. Хушбахтона, таҳлили нишондиҳандаҳои солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин самт қадамҳои назаррас гузошта шудаанд. Гузаштани 89 ихтисоси донишгоҳ аз раванди аккредитатсияи байналмилалӣ ба муҳлати панҷ сол, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ба роҳ мондани барномаҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ва таъсиси марказҳои фарҳангии Чин, Корея ва Русия далели он мебошанд, ки донишгоҳ тадриҷан аз доираи модели анъанавии муассисаи миллии таҳсилот берун рафта, ба фазои васеътари ҳамкории байналмилалии академӣ ворид мегардад. Ин раванд, дар навбати худ, ба баланд гардидани эътирофи байналмилалии донишгоҳ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муосир ва таҳкими рақобатпазирии хатмкунандагон мусоидат мекунад.
Дар панҷ соли охир беш аз 20 созишномаи нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба имзо расида, зиёда аз 250 омӯзгору донишҷӯ дар доираи барномаҳои табодули академӣ ба кишварҳои гуногун сафар намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, механизми муҳими интиқоли дониш, таҷрибаи пешрафтаи педагогӣ, усулҳои нави таҳқиқот ва фарҳанги академӣ ба муҳити дохилии донишгоҳ мебошанд. Дар ин замина зарур аст, ки таҷрибаи аз хориҷ бадастомада на танҳо дар сатҳи инфиродӣ боқӣ монад, балки тавассути семинарҳо, мактабҳои тобистона, даврҳои бозомӯзӣ, гурӯҳҳои таҳқиқотӣ ва барномаҳои муштараки илмӣ ба низоми доимии мубодилаи дониш табдил дода шавад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобатпазирии муассисаи таҳсилоти олӣ на танҳо аз шумораи созишномаҳои байналмилалӣ, балки аз самаранокии натиҷаҳои ин ҳамкорӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, марҳилаи минбаъда бояд ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимии дуҷониба ва муштарак, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ҷалби грантҳои илмӣ ва ташаккули шабакаҳои устувори академӣ равона гардад. Ин равиш имкон медиҳад, ки ҳамкории байналмилалӣ аз сатҳи муносибатҳои расмӣ ба сатҳи истеҳсоли муштараки дониш ва навоварӣ гузарад.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми маориф, ворид намудани технологияҳои муосир ва тағйири фарҳанги таълим заминаи васеъ фароҳам овард. Яке аз самтҳои муҳими ин дигаргунӣ рақамикунонии соҳаи маориф мебошад. Рақамикунонӣ имрӯз танҳо истифодаи компютер ё ҷойгир намудани маводи таълимӣ дар шакли электронӣ набуда, балки тағйири куллии муҳити таълим, муносибати донишҷӯ ба дониш, муносибати омӯзгор ба раванди таълим ва тарзи идоракунии муассисаи таҳсилотиро дар назар дорад.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи назаррас андӯхта, дар рушди захираҳои рақамии таълимӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Аммо таҷрибаи бадастовардаи мо ҳамзамон бозгӯи он аст, ки рақамикунонӣ набояд танҳо ба зиёд намудани миқдори маводи электронӣ маҳдуд гардад. Марҳилаи нави рақамикунонӣ бояд аз «рақамикунонии мавод» ба «рақамикунонии тамоми системаи таълим» гузарад.
Дар ин замина вазифаи минбаъда баланд бардоштани сифати мундариҷаи рақамӣ, истифодаи васеи платформаҳои интерактивӣ, таҳияи даврҳои электронии муосир, татбиқи унсурҳои зеҳни сунъӣ дар таълим, истифодаи лабораторияҳои виртуалӣ ва ташаккули низоми арзёбии рақамии натиҷаҳои таълим мебошад. Ҳамзамон истифодаи зеҳни сунъӣ бояд бо риояи принсипҳои масъулияти академӣ, ҳифзи маълумот, шаффофияти арзёбӣ ва пешгирии вобастагии донишҷӯ аз технология амалӣ гардад. Дар ин раванд омӯзгор наметавонад аз нақши худ канор равад, баръакс, нақши ӯ аз интиқолдиҳандаи дониш ба тарроҳи муҳити омӯзиш, роҳнамои илмӣ ва таҳлилгари натиҷаҳои таълим табдил меёбад.
Аз ин рӯ, ҳадафи ниҳоии рақамикунонӣ бояд на танҳо фароҳам овардани дастрасӣ ба технология, балки ташаккули донишгоҳи рақамӣ, илммеҳвар ва ба талаботи бозори меҳнати муосир мутобиқ бошад. Донишгоҳе, ки дар он технология, илм, педагогика ва ҳамкории байналмилалӣ дар низоми ягона ба ҳам пайваст мешаванд, метавонад барои омода намудани омӯзгори насли нав заминаи устувор фароҳам оварад. Маҳз чунин равиш имкон медиҳад, ки донишҷӯ на танҳо соҳиби дониш, балки дорои қобилияти эҷоди дониш, таҳлил, навоварӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти босуръати ҷаҳони муосир гардад.
Дар 35 соли истиқлол илм ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди низоми таҳсилоти олии мамлакат, аз ҷумла, фаъолияти донишгоҳҳо табдил ёфтааст. Яке аз дигаргуниҳои муҳим дар соҳаи маориф дар даврони истиқлол маҳз таҳкими робитаи мутақобили таҳсилот, илм ва истеҳсолот мебошад. Дар шароити рушди босуръати иқтисоди донишбунёд донишгоҳ дигар танҳо муассисаи омодасозии кадрҳо нест, балки бояд ҳамчун маркази тавлид, интиқол ва татбиқи дониш амал кунад. Донишгоҳе, ки танҳо мутахассис омода менамояд, аммо дар истеҳсол ва татбиқи донишҳои нав саҳми назаррас надорад, дар фазои муосири ҷаҳонии таҳсилот ва илм рақобатпазирии устувор пайдо карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, афзоиши иқтидори илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ аз 38,2 фоиз дар соли 2021 то 52,5 фоиз дар соли равон, инчунин фаъолияти 8 шурои диссертатсионӣ далели равшани болоравии иқтидори илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ мебошад. Боиси хушнудист, ки дар арафаи соли нави таҳсил аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ ба се нафар дараҷаи доктори илм дода шуда, панҷ омӯзгори донишгоҳ ба дараҷаи номзади илм сазовор гардид. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши иқтидори кадрии илмӣ ва фароҳам омадани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ шаҳодат медиҳанд.
Даоми 35 соли истиқлол таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот низ ҳамчун яке аз қадамҳои муҳим дар самти ташаккули модели донишгоҳи руштёфта арзёбӣ мегардад. Моҳияти ин раванд дар ташаккули чунин муҳити академӣ ифода меёбад, ки дар он дониш, ихтироъ ва натиҷаҳои таҳқиқот имкони табдил ёфтан ба технология, маҳсулот, хизматрасонӣ ва лоиҳаҳои дорои арзиши иҷтимоию иқтисодиро пайдо мекунанд. Дар ин самт эҳёи фаъолияти Парки технологии донишгоҳ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ба роҳ мондани истеҳсоли мизу курсӣ, минбар, банер, роҳаткурсӣ, либоси корӣ ва дигар маҳсулот нишон медиҳад, ки иқтидори донишгоҳ метавонад на танҳо барои ҳалли масъалаҳои таълимӣ, балки барои қонеъ намудани баъзе талаботи воқеии ҷомеа ва бозор низ истифода шавад.
Намунаи ҷолиби чунин ҳамгироии илм ва истеҳсолот сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва маҳсулоти косметологӣ дар заминаи лоиҳаи илмии омӯзгори факултети химия мебошад. Корхона имконияти истеҳсоли зиёда аз 50 намуди маводи шустушӯиро дошта, истеҳсоли маводи шустушӯи зарфҳо, собун, шампун, антифриз ва дигар маҳсулоти маишию техникӣ дар доираи он пешбинӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, чунин корхона метавонад ҳамчун майдони таҷрибавии таълимӣ ва илмӣ низ хизмат кунад. Донишҷӯён метавонанд дар он на танҳо донишҳои назариявии химия ва технологияро татбиқ намоянд, балки бо равандҳои истеҳсолӣ, назорати сифат, стандартизатсия, идоракунии истеҳсолот, маркетинг ва иқтисоди маҳсулот низ шинос шаванд. Ҳамин тавр, истеҳсолот ба ҷузъи муҳими низоми омодасозии кадрҳои дорои салоҳияти амалии муосир табдил меёбад.
Ворид гардидани таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун кумаки техникӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ низ ҷанбаи муҳим дорад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳо метавонад аз доираи табодули академӣ, баргузории конфронсҳо ва робитаҳои илмӣ фаротар рафта, ба интиқоли технология, навсозии инфрасохтор, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими ҳамкории илмӣ-технологӣ мусоидат намояд.
Дар маҷмуъ, 35 соли истиқлол барои рушди сармояи инсонӣ низ марҳилаи сифатан нав ба вуҷуд овард. Дар ин раванд мактаб, донишгоҳ, лаборатория, китобхона ва технологияҳои рақамӣ дар ниҳоят ба ҳадафи умумӣ, ташаккули шахсияти дорои дониш, малака, ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури муосир хизмат мекунанд.
Аз ин рӯ, мафҳуми сифати таҳсилот низ бояд васеътар фаҳмида шавад. Он танҳо аз сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ иборат нест, балки қобилияти хатмкунанда барои таҳлили масъалаҳо, қабули қарор, кор бо технологияҳои муосир, эҷоди дониш ва идеяҳои нав, фаъолияти даставӣ, мутобиқшавӣ ба бозори меҳнат ва ҳалли масъалаҳои воқеии ҷомеаро низ дар бар мегирад.
Меъёри асосии самаранокии низоми таҳсилоти олӣ бояд сифати сармояи инсонӣ ва саҳми воқеии хатмкунанда дар рушди ҷомеа бошад. Агар донишгоҳ тавонад хатмкунандаеро тарбия намояд, ки донишро ба амал, идеяро ба навоварӣ ва навовариро ба арзиши иҷтимоию иқтисодӣ табдил дода метавонад, пас метавон гуфт, ки ҳадафи аслии таҳсилоти муосир амалӣ гардидааст.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар раддабандиҳо ва арзёбиҳои байналмилалӣ низ дар ҳамин замина қобили таҳлилу баррасии илмӣ мебошанд. Ҷойгоҳи муассиса дар низоми арзёбиҳои байналмилалӣ, афзоиши таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ, тавсеаи робитаҳои байнидонишгоҳӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-академӣ аз болоравии эътирофи байналмилалии донишгоҳ шаҳодат медиҳанд. Ин раванд ҳамзамон нишон медиҳад, ки рақобатпазирии муассисаи таҳсилоти олӣ имрӯз на танҳо бо шумораи донишҷӯён ё ихтисосҳо, балки бо сифати таълим, иқтидори илмӣ, сатҳи тахассусии кадрҳо, муҳити инноватсионӣ ва қобилияти ворид шудан ба фазои ҷаҳонии дониш муайян мегардад.
35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф метавон марҳилаи муҳими таҳаввулоти пайдарпай арзёбӣ кард: аз ҳифзу таҳкими низоми мавҷуда ба навсозӣ, аз навсозӣ ба рақамикунонӣ ва аз рақамикунонӣ ба ташаккули низоми рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ. Дар ин раванд рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахусус донишгоҳҳои омӯзгорӣ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро маҳз онҳо кадрҳое омода месозанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, дониш, малака ва арзишҳои насли нав таъсир мерасонанд.
Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ин раванд намунаи равшани он аст, ки муассисаи дорои таърихи 95-сола метавонад ба мероси ғании таърихию педагогӣ такя намуда, ҳамзамон ба талаботи асри технология, иқтисоди донишбунёд ва ҷомеаи рақамӣ мутобиқ гардад.
Дар чунин шароит нақши омӯзгор на танҳо кам намешавад, балки боз ҳам муҳимтар мегардад. Технология метавонад китоб, тахтаи синф ва баъзе шаклҳои анъанавии омӯзишро тағйир диҳад, аммо наметавонад ҷойгоҳи инсонии омӯзгорро ҳамчун роҳнамо, тарбиятгар, намунаи ахлоқӣ ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирд пурра ишғол намояд. Маҳз омӯзгор ба дониш маъно мебахшад, қобилияти фикр карданро ташаккул медиҳад ва арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва шаҳрвандиро дар замири насли ҷавон парвариш мекунад.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишманд, тарбиятгар, заҳматписанд ва созандагони фардои миллат ниёзи беандоза дорад. Омӯзгорон бо заҳматҳои хастагинопазир насли нави Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия намуда, бо нури дониш ҷаҳони маънавии ҳазорон ҷавонро равшан месозанд, ба дарахти пурқуввати истиқлол шаҳомати хосса ва рангу бӯи тоза мебахшанд ва аз партави сафобахши илму маърифат масири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам равшантар мегардонанд.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»






