Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи прокурорҳои генералии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва тақвияти шарикии стратегӣ байни мақомоти прокуратураи ду кишварро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи хос ба амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубодилаи иттилооти оперативӣ, истирдод, расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории байниидоравӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои такмили минбаъдаи механизмҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Туркманистон Бегмурат Муҳамедов мулоқот намуд.
Дар рафти сӯҳбат аз робитаҳои таърихӣ ва маънавии асрҳо, ки мардуми бародари ду кишварро муттаҳид месозанд, таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки тавассути талошҳои муштарак ва иродаи сиёсии Роҳбарони давлатҳо ба даст омадаанд, таъкид карданд.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории байни мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба барои мубориза бо чолишҳои муосир ва таъмини амниятро баррасӣ карданд.
АКС аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон










ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






