Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа иштироки Дабири кулл ва котиботи Ассамблеяи парламентии Осиё, роҳбарону ҳайатҳои парламентии беш аз 20 давлати аъзои созмони бонуфуз, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Бутан, Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Камбоҷа, кишварҳои Қатар, Бангладеш, Индонезия, Кипр, Покистон, Туркия, Салтанати Умон, Чин, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Русия дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар солҳои 2026–2027 раёсати Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда дорад. Баргузории ҷаласаи навбатии кумита дар шаҳри Душанбе яке аз чорабиниҳои муҳими давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Раёсати Тоҷикистон дар Кумитаи доимӣ имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кумита, наздик намудани мавқеи парламентҳои давлатҳои аъзо ва таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ саҳми фаъол гузорад.
Баргузории ҷаласа идомаи иштироки фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Осиё мебошад. Он ба таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиё ва баррасии муштараки масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ равона гардидааст.
Ассамблеяи парламентии Осиё яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳамкории байнипарламентӣ дар қитъаи Осиё буда, парламентҳои давлатҳои аъзоро барои рушди муколама, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои дорои аҳамияти муштарак муттаҳид менамояд.
Фаъолияти Ассамблея ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мусоидат ба сулҳу субот, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин табодули таҷрибаи қонунгузорӣ байни кишварҳои аъзо равона гардидааст.
Дар доираи Ассамблея ҷаласаҳои пленарӣ, кумитаҳои доимӣ ва дигар чорабиниҳои байнипарламентӣ баргузор гардида, масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ассамблея иштироки фаъол дошта, дипломатияи парламентиро яке аз воситаҳои муассири таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои Осиё арзёбӣ менамояд.
Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз сохторҳои калидии Ассамблея буда, доираи васеи масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии давлатҳои Осиёро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Фаъолияти кумита масъалаҳои ҳифзи гуногунрангӣ ва мероси фарҳангӣ, рушди инсонӣ, тандурустӣ, иштироки занон дар фаъолияти парламентӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону ҷавонон, муколамаи байнидинӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию фарҳангиро фаро мегирад.
Дар давраи раёсати Тоҷикистон тақвияти ҳамкории байнипарламентӣ дар самти табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти кумита ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё эълон гардид. Интихоби пойтахти Тоҷикистон ҳамчун макони баргузории ҳамоиши бонуфуз далели возеҳи эътирофи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мавқеи устувори мамлакат дар таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобили судманди давлатҳои Осиё мебошад. Аз ин лиҳоз дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ташрифотӣ баргузор намудани ин чорабинии байналмилалӣ аҳамияти махсуси давлатӣ низ дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд






