Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
ТУРСУНЗОДА, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Зимни чорабиниҳои тантанавӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, меҳмонон аз ҷумҳурии дӯсту бародари Узбекистон ва хориҷиёне, ки дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолият менамоянд, инчунин фаъолону ҷавонон бо дастовардҳои сокинон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ шинос шуданд.
Иброз гардид, ки хуршеди истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35 сол аст, ки ба хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ равшанӣ бахшида, фазои амнияту осоиштагиро фароҳам сохтааст. Ҳама дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ инчунин ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор сокинону фаъолон роҳпаймоии осоишта ва паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин чорабиниҳо сокинони ин шаҳру ноҳияҳо бо иштироки фаъолона бори дигар дӯст доштани Ватан-Модар ва гиромӣ доштани сулҳу суботи мамлакатамонро нишон доданд.
Зимни маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як зумра фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону кишоварзон, шахсони фаъолу ободкор барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабиниҳо дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, дар барномаи театрикунонида сарояндагони хушовози ансамблҳои «Фалак», «Гулшан», ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо бо сурудҳои дилнишин табъи тамошобинонро болида намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






