Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум таҳкими ҳамкории дуҷониба, баргузории машваратҳо, табодули маълумот, омӯзиши имконияти ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баррасии имконоти сармоягузорӣ дар бахши энергетика мебошад.
Дар доираи ин санад ҷонибҳо ҳамкориро дар якчанд самти муҳими энергетика, аз ҷумла татбиқи технологияҳои пешрафтаи ҳисобкунии неруи барқ (AMI), низомҳои пешрафтаи идоракунии шабакаҳои тақсимоти барқ (ADMS) ва низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ (GIS), инчунин рақамикунонии соҳаи энергетика ва рушди платформаҳои ҳамгироёнаи маълумот ба роҳ монда, тақвият медиҳанд.
Ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи роҳҳалҳои сарфаи энергия, истифодаи низоми идоракунии энергетикии биноҳо (BEMS), таъсиси низомҳои нигоҳдории неруи барқ дар батареяҳо (BESS), пайваст намудани захираҳои тақсимшудаи энергетикӣ ба шабака ва истифодаи технологияҳои муосири идоракунии энергия пешбинӣ шудааст.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои тарҳрезӣ ва истифодаи шабакаҳои хурд, васеъ намудани иқтидори шабака барои қабули энергияи барқароршаванда, таъмини пайвастшавии устувор ба шабака, коҳиш додани талафоти неруи барқ ва рушди имконоти нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ, рушди шабакаҳои барқӣ ва ҷалби имконоти нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






