Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 16, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Лондон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Массимилиано Лами ва муовини раиси Бонки сармоягузории ширкати «Citigroup Inc.» Вилям Уивер доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Массимилиано Лами Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи ин ёддошт ҷонибҳо барои беҳтар намудани рейтингҳои байналмилалии қарзиву содиротии ҷумҳурӣ ва баромадани Тоҷикистон ба бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Дар анҷоми мулоқот Массимилиано Лами ва Вилям Уивер ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкорӣ изҳор намуданд.

Инчунин дар ин рӯз вохӯрии Файзиддин Қаҳҳорзода бо Роҳбари бахши бозорҳои қарзии сармояи ширкати «J.P. Morgan» дар минтақаи Аврупои Марказӣ, Шарқӣ, Ховари Миёна ва Африқо Стефан Вайлер ва ноиби аввали президенти ширкати «PIMCO» Брайан Ҳолмс баргузор гардид.

Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба рушди макроиқтисодии ҷумҳурӣ, беҳтаршавии рейтинги пардохтпазирии он, таҷрибаи Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалии қарзӣ, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва маблағгузории сабз маълумот пешниҳод намуд.

Стефан Вайлер ва Брайан Ҳолмс дар робита ба маълумоти манзуршуда барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти барориши коғазҳои қиматнок дар бозорҳои байналмилалии сармоя бо муҳлатҳои гуногун ибрози омодагӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»