Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд

Сентябрь 1, 2026 13:47

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҷудо кардани 400 миллион долларро дар доираи механизми маблағгузорӣ барои навсозии нуқтаҳои убури марзҳо, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин беҳтар сохтани ҳамлу нақли одамон ва молу маҳсулот дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ, CAREC) тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Барномаи навсозии сарҳадҳо барои ҳамгироӣ, логистика ва рушд (BUILD) ба сармоягузории афзалиятнок ба таҷдиди нуқтаҳои убури марзҳою таҳкими робитаҳо ва рақобатпазирӣ дар минтақаи ҲИМОМ мусоидат мекунад.

«Сарҳадҳо танҳо гузаргоҳҳои назоратӣ нестанд. Онҳо ба сифати дарвоза барои ташкили ҷойи кор, бозорҳои минтақавӣ ва имконияти рафтуомад ва ба даст овардани даромад хизмат мекунанд, – гуфт Директори кулли БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Лия Гутйеррес. – Бонк тавассути BUILD ба кишварҳои CARES кумак мекунад, ки марзҳоро ҳарчи тезтар «ҳушманд» ва ба ҳам алоқаманд намоянд, бесамариро тавассути наздикшавии иқтисодиёт, тавсеаи бозорҳои фаромарзӣ ва долонҳои иқтисодӣ коҳиш диҳанд ва ба ин васила зиндагии миллионҳо одамонро дар саросари минтақа беҳтар созанд».

Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди пешрафтҳои охир дар соҳаи робитаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ нуқтаҳои убури марзҳо дар тамоми гузаргоҳҳои CARES бо сабаби афзоиши ҳаҷми тиҷорат, маҳдудияти инфрасохтор ва қобилияти гузариш, инчунин зарурати навсозии минбаъдаи низомҳо ва расмиёти назорати сарҳадӣ як нуқтаи танг боқӣ мемонанд. Ин маҳдудият боиси талафоти иқтисодӣ ва мушкилот барои ширкатҳои нақлиётӣ, тоҷирон ва мусофирон гардида, хавфи хариду фурӯши одамон, мушкилоти экологӣ ва хатарҳоро ба саломатии ҷамъиятӣ зиёд мекунанд.

Барномаи BUILD сармоягузории афзалиятнокро ба қаламравҳои сарҳадии кишварҳои CARES, аз ҷумла навсозии нуқтаҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ дар буриши сарҳадҳо маблағгузорӣ мекунад. Иншоот инфрасохтори муосир, низомҳои рақамӣ, таҷҳизоти дорои технологияи муосири санҷиш ва расмиёти самараноктар ва мувофиқашудаи сарҳадро фаро мегиранд, ки вақт ва арзиши убури сарҳадро коҳиш медиҳанд.

Лоиҳаи BUILD инчунин имконоти сохториро тақвият мебахшад, ислоҳоти нақлиёт ва логистикаро дастгирӣ мекунад ва ба иштироки бештари бахши хусусӣ мусоидат менамояд. Барномаи BUILD ҳамзамон имконияти сармоягузории бахши хусусиро фароҳам меорад, иқтидори корхонаҳои хурду миёнаро дар соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии нақлиёт барои иштирок дар тиҷорати минтақавӣ тақвият медиҳад.

Тоҷикистон аз соли 1998 бо БОР ҳамкорӣ намуда, давоми 28 сол бонк бисёр лоиҳаҳои муҳими кишварро дастгирӣ ва дар маҷмуъ зиёда аз 2,7 миллиард доллар кумак, аз ҷумла беш аз 2,2 миллиард доллар қарзи бебозгашт пешниҳод кардааст. Тавассути шарикии Тоҷикистон бо БОР шоҳроҳҳои муҳими нақлиётӣ, аз қабили роҳҳои автомобилгарди «Обигарм-Нуробод», «Душанбе-Бохтар», «Айнӣ- Панҷакент», «Душанбе-Турсунзода» ва «Восеъ-Ховалинг» навсозӣ гардидаанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2026 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд