Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи ғайринавбатии Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Раиси Шуро, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, намояндагони мақомоти авиатсияи гражданӣ ва намояндагони ваколатдори ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба омодагӣ ба 35-солагии Созишнома оид ба авиатсияи гражданӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ баррасӣ шуданд
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ташкили алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳои иштирокчии Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






